Соли 2024 корхонаҳои саноатии Душанбе ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Январь 20, 2025 14:47

ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд ва суръати рушд нисбат ба соли 2023 25 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми содироти корхонаҳои шаҳр ба хориҷи мамлакат ба беш аз 170 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар ин хусус 17 январ зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2024 иттилоъ дода шуд.

Соли 2024 дар пойтахт 141 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо беш аз 7600 ҷойи кори нав ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр аз ҳисоби ҳама манбаъҳо зиёда аз 43 ҳазор ва давоми 8 соли охир беш аз 280 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2025 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд