Таваҷҷуҳ! Насби таҷҳизоти махсуси рӯшноӣ ва садо дар мошинҳои шахсӣ хилофи қонун аст

Январь 18, 2025 14:48

ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз манъи насби таҷҳизоти махсуси рӯшноӣ (мигалка) ва садо (сирена) дар нақлиёти шахсӣ ҳушдор дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳолати ошкор шудани қонуншиканиҳо на танҳо нисбат ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, балки насбкунандагони ин дастгоҳҳо низ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар робита ба ин, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии чароғҳо ва сиренаҳо дар мошинҳои хусусӣ санҷиш мегузаронанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки «насб ва истифодаи таҷҳизоти махсуси рӯшноӣ (мигалка) ва садо (сирена) дар мошинҳо танҳо барои воситаҳои нақлиёти махсус, аз ҷумла хадамоти ёрии таъҷилӣ, сӯхторнишонӣ, бонкҳо, Бозрасии давлатии автомобилӣ, дигар сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва ғайра иҷозат дода шудааст. Чунин таҷҳизотро ба мошинҳои хусусӣ насб кардан мумкин нест ва истифодаи он дар чунин ҳолатҳо хилофи қонун аст».

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 18, 2025 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд