35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ кӯдакистон ва Маркази фарҳангию фароғатӣ бунёд мешавад

Февраль 5, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ кӯдакистон ва Маркази фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ин иншоот тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, бунёд мегарданд. Мувофиқи лоиҳа, бинои кӯдакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар он корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Маркази фарҳангию фароғатӣ аз як ошёна ва таҳхона иборат буда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Элитсохтмон» аст.

Тибқи лоиҳа, дар дохили бино тарабхона, коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи истеҳсоли пойафзол, толори варзишӣ, сартарошхона ва толори ҳусн ҷойгир карда мешаванд. Барои ин имконият ва шароити зарурӣ мавҷуд буда, татбиқи лоиҳа сабаби бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани сокинон мегардад.

Ҳамзамон дар ноҳияи Айнӣ дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ бо иштироки роҳбарияти вилояти Суғд дар шафати роҳи деҳаи Сангистон ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Айнӣ муташаккилона идома дошта, то имрӯз дар шафати роҳҳо ва заминҳои назди ташкилоту идораҳо беш аз 2 000 бех ниҳол шинонида шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 5, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд