35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истаравшан маҷмааи «Шоҳроҳи абрешим» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан маҷмааи бисёрсоҳаи «Шоҳроҳи абрешим» мавриди истифода қарор дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Иншооти муҳташам аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мабдаи Нур», ки фармоишгар ва пудратчии он мебошад, сохта шуда, лоиҳаи маҷмаа аз ҷониби ширкати лоиҳакашии «Архиком-К»-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мутахассисони Қазоқистон омода шудааст.
Дар ошёнаи якуми маҷмаа дар 4500 метри мураббаъ мағозаи бузург, ки дар як вақт ба 500 мизоҷ хизмат мерасонад, бунёд мегардад. Дар ошёнаҳои дигар маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон, нуқтаи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ, қаҳвахона, ошхона, кинотеатр ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ташкил мегарданд.
Дар айни замон охирин корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, дар назар аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани маҷмаа даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд.
Ҳамзамон дар шаҳри Истаравшан сохтмони Маркази савдои «Амид», маркази тиббӣ-ташхисии «Салоҳиддин» ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯстӣ» идома дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






