Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал дар шаҳри Кувайт мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Мудирияти сармоягузории Кувайт Сауд Ал-Сабоҳ баргузор гардид, ки зимни он ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода шавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Кувайт муҳтарам Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ал-Сабоҳ ҳангоми сафари давлатӣ 3-4 ноябри соли 2024 ба рушди ҳамкории дутарафа такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Дар робита ба ин аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла энергияи «сабз», инфрасохтори авиатсионию сайёҳӣ ва саноат ва кишоварзӣ лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо барои таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва таҳияи механизми амалишавии лоиҳаҳо изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






