Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба равандҳои инноватсионӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад. Ин матлаб зимни баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баён гардид.
Тавре аз донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар тақвияти зеҳни касбии мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазири соҳаи таҳсилоти олӣ» доир шуд.
Дар шароити имрӯза истифодаи васеи энергияи «сабз», рақамикунонии иқтисодиёт, истифодаи дастовардҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, хусусан зеҳни сунъӣ аз масъалаҳои асосӣ ва талаби замон мебошанд. Дар ин раванд Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дорои неруи кадрию илмии баланд буда, дар ҳалли ин масъалаҳо ҳиссаи арзанда мегузорад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






