Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти содирот баррасӣ шуд

Февраль 22, 2025 11:00

 ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал дар мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибн Абдураҳмон  ар-Решайдон ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти содирот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.

Инчунин ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои содиротии ҷумҳурӣ, аз ҷумла татбиқи марказҳои логистикии содиротӣ мубодилаи афкор намуданд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз намуд, ки Тоҷикистон метавонад содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ ва мавсимӣ, обҳои нӯшокӣ, афшураҳои мева, асал, чормағз, себ, пиёзи барвақтӣ ва сирпиёз ва дигар намуди маҳсулотро дар баробари давлатҳои ҷанубу шарқ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ воридот намояд.

Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки бо шарикони Саудӣ дар ҷумҳурӣ марказҳои логистикии содиротӣ таъсис диҳад. Ин имкон медиҳад маҳсулоти хушсифат ва мутобиқ ба стандартҳои Саудӣ бандубаст гардад ва бо нархҳои барои ҳарду ҷониб мусоид ба бозорҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва бозорҳои сеюм содирот  шавад.

Ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъалаи воридоти маҳсулоти Тоҷикистонро ба бозорҳои Саудӣ ҷонибдорӣ намуда, барои мусоидат ба дарёфти ҳамшарик аз ширкату фондҳои Саудӣ дар татбиқи марказҳои логистикии содиротӣ ибрози омодагӣ намуд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд