Дар Душанбе Форуми зиёиёни эҷодкори давлатҳои ИДМ баргузор мегардад

Февраль 18, 2025 11:03

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал зимни  мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тахир Иксанов масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъда дар самти илмҳои гуманитарӣ ва таҳқиқоти илмӣ  баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Ҳамзамон дар доираи ҳамкории муштарак ҷонибҳо барои 13-14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Форуми XVIII зиёиёни эҷодкори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мувофиқа расиданд.

Иброз гардид, ки форум ба муносибати баргузории Соли нахустини ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли 2026 эълон мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки дар доираи Соли нахустини ҳифзи саломатӣ ба табодули таҷриба, муҳокима ва банақшагирии ташаббусҳои муштараки бисёрҷониба дар соҳаи тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 18, 2025 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад