Дар Душанбе масъалаи хизматрасонии профилактикӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ соли 2024 бо 129 муассисаи табобатию профилактикӣ барои хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ шартнома ба имзо расонид. Инчунин бо 72 муассисаи соҳавӣ корҳои таъмир ва профлактикӣ гузаронида шуда, қисмҳои эҳтиётӣ ва маводи масрафшаванда харидорӣ ва дастрас гардид. Дар ин хусус 26 феврал зимни ҳамоиш дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат иттилоъ доданд, дар ҳамоиш масъалаҳо оид ба вазъи кумак ва хизматрасонӣ ба беморони руҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин ба аҳолӣ тибқи талаботи замон хизмати тиббӣ расонида мешавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






