Дар Кӯлоб оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ҷаласа доир шуд

Февраль 12, 2025 10:09

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби кишоварзон нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 шарҳ дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ оид ба дастовардҳои шаҳри Кӯлоб дар соҳаи кишоварзӣ ва раванди иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид маълумот дода шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро дар робита ба дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки обу замин шарҳ дод.

Ҳамчунин масъулини соҳаи кишоварзӣ вобаста ба раванди иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуданд. Ба масъулин барои бартараф кардани камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта маслиҳату тавсияҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Февраль 12, 2025 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад