Дар ноҳияи Тоҷикобод 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОБОД, 04.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар ноҳияи Тоҷикобод ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 301 миллиону 239 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 10 миллиону 979 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия соли 2024 барои таъмини амнияти озуқаворӣ 3343 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 29 679 тонна картошка, 6464 тонна сабзавот, 6304 тонна мева, 2216 тонна гӯшт ва 121 тонна асал истеҳсол намуда, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуданд. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки соли 2024 дар ноҳияи Тоҷикобод 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, ки дар он 18 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Шумораи умумии коргоҳҳои истеҳсолӣ дар ноҳия зиёда аз 22 адад буда, қисми зиёдашон мавсимӣ мебошад. Ҳамчунин дар ноҳия соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10 миллиону 746 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 ду миллиону 231 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду барқарорзозии 101 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 50 иншоот ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда сохтмон ва ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






