Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ маҳфили ҳофизхонӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳофизи Шерозӣ – ғазалсарои шаҳири тоҷик»-таҳти ин унвон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллӣ иттилоъ доданд, дар маҳфил директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба ҳаёту эҷодиёти илмию адабии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ сухан намуд.
Иброз гардид, ки шоир ва мутафаккири бузург Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондааст. Дар Осорхонаи миллӣ нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии девони Ҳофиз дар радифи пурарзиштарин осори таърихию фарҳангӣ ҳифз ва муаррифӣ мешаванд.
Сипас, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ саҳнаи театрикунонида оид ба рӯзгори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва вохӯрии ӯ бо Амир Темур пешниҳоди иштирокдорони маҳфил гардонида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби ҷавонону наврасон ғазалҳо аз ашъори ноби Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ қироат шуданд. Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба наврасон барои иштироки фаъол дар маҳфили «Ҳофизи Шерозӣ-ғазалсарои шаҳири тоҷик» «Сипоснома»-и Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки соли равон дар Тоҷикистон 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири ғазалсаро бо иштироки муҳаққиқон, донишмандон ва шоирон маҳфилҳои илмӣ-адабӣ ва конфронсу ҳамоишҳо гузаронида мешаванд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






