Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст

Февраль 13, 2025 10:18

ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳри Ҳисор 5 ҳазору 495 ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки дар шаҳри Ҳисор дар соли 2024 асосан дар соҳаи кишоварзӣ беш аз 3100 ҷой, сохтмон- зиёда аз 1300 ҷой, савдо ва хизматрасонӣ- қариб 500 ҷой, саноат- беш аз 300 ва дар дигар соҳаҳо қариб 200 ҷойи нави кор ташкил шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёд аст, зеро дар соҳаи сохтмон беш аз 500 ҷой ва кишоварзӣ қариб 1300 ҷойи нави кор афзоиш ёфтааст.

«Бо ҷойи нави кор таъмин намудани аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин самт роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади фароҳам овардани ҷойи нави кор бо истифода аз имконияти мавҷуда тадбирҳои мушаххас меандешанд», -баён гардид дар нишаст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини бекорон бо корҳои доимию мавсимӣ бо ибтикори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор пайваста ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мешавад.

Аз ҷумла, чанде пеш дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ярмарка 39 муассисаю корхонаҳо иштирок карда, 436 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳоди корҷӯён намуданд. Зимни ярмарка ба 12 корҷӯ роҳхат ба ҷойи кор дода шуда, 15 бекор ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.

Музди миёнаи меҳнат дар сатҳи шаҳри Ҳисор ба 1840 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 400 сомонӣ ё 27,7 фоиз зиёд аст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2025 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад