Дар Тоҷикистон 1160-солагии файласуф ва олими маъруфи тоҷик Абубакри Розӣ таҷлил карда мешавад

Февраль 14, 2025 08:28

ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ таҷлил таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани 1160-солагии Абубакри Розӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд.Масъулин вазифадор шудаанд, ки бо баргузор намудани ҳамоишҳои фарҳангӣ-маърифатӣ насли наврас ва ҷавони мамлакатро бо осори гаронбаҳои Абубакри Розӣ шинос намуда, онҳоро барои мутолиаи асарҳои ӯ ҳидоят намоянд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо хотирнишон намуданд: «халқи тоҷик аз қадим миллати фарҳангофарину тамаддунсоз мебошад ва ба ҷаҳониён шахсиятҳои бузург – олимону мутафаккирон, шоирону нависандагон ва ҳунармандони асилеро тақдим кардааст, ки онҳо дар ғанӣ гардондани тамаддуни башар саҳми босазо гузоштаанд. Мо бо чунин фарзандони фарзонаи халқи худ ифтихор мекунем, зеро онҳо барои миллати хеш ва аҳли башар ганҷинаи гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба ёдгор гузоштаанд».

Ба таъкиди Пешвои миллат, дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.

Бояд гуфт, ки файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ (865 – 925) бо номҳои Разес (Razes) ва Абубатер (Abu Bater) шинохта шуда, сазовори эътирофу эҳтироми донишмандони машҳури ҷаҳон дар гузашта ва имрӯз гардидааст.

Файласуф қариб 238 китоб ва рисола навиштааст, ки мутаассифона, на ҳамаи онҳо то имрӯз боқӣ мондааст. 60 китобу рисолаҳои ӯ ба тиб бахшида шудааст. Аз асарҳои доир ба химия таълифнамудаи Розӣ сетояш -«Китобуншаоҳид» (китоби иқтибосҳо), «Китоб-ул-асрор» (китоби асрорҳо), «Китоб сирр-ил-асрор» (китоби сирри асрорҳо) то замони мо омада расидаанд.

Ба гуфтаи устодони факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз таҷрибаҳои Абубакри Розӣ ва усулҳои кори ӯ дар соҳаи химия олимони Ғарб дар асри XVII истифода бурдаанд. Масалан, химиядони голландӣ Герман Бургаве асари худ «Элементҳои химия»-ро дар заминаи асари Розӣ мураттаб сохтааст, яъне дар он аввал моддаҳо, баъд асбобҳо ва дар охир протсессҳои химиявӣ бо шарҳашон ҷой дода шудаанд.

Абубакри Розӣ яке аз аввалинҳо шуда таснифи моддаҳоро пешниҳод намудааст. Ӯ дар таърихи химия нахустин маротиба ҳамаи моддаҳоро ба се синф: маъданӣ, набототӣ ва ҳайвонотӣ ҷудо карда, оид ба намояндагони ҳар яке аз ин гурӯҳҳо маълумот дода буд.

Тибқи нишондоди сарчашмаҳо, файласуф то 30 – солагӣ ба ҳамаи илмҳои мавҷудаи замонааш: фалсафа, илми кимиё, илми табиӣ (физика), ҳайат, рустанишиносӣ ва ғайра устод гашта буд. Танҳо дар 30 – солагиаш ба омӯзишу пажуҳиши илми тиб ҷиддӣ машғул шуда, то охири умр то дараҷае шуҳрат пайдо кард, ки яке аз чаҳор пизишки маъруфи дунё эътироф гаштааст.

Дар сарчашмаҳо дар бораи мақому манзалати ӯ дар тиб тавсифҳо зиёданд. Яке аз онҳо, ки бузургии ӯро дар ин соҳа нишон медиҳад, чунин аст: «Пизишкӣ набуд, онро Буқрот (Гиппократ) ба вуҷуд овард, пизишкӣ мурда буд, онро Ҷолинус (Гален) зинда кард, пизишкӣ пароканда буд, онро Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ фароҳам овард ва пизишкӣ ноқис буд, онро Буалии Сино комил кард».

Муҳаққиқон ду асари Закариё Розӣ – «Тибби рӯҳонӣ» ва «Сирати фалсафӣ»-ро «муаллими ахлоқ» номидаанд, зеро дар онҳо тамоми хислатҳои инсонӣ, фазилатҳои хуб (некӣ, ростгӯӣ, инсондӯстӣ, адолат, ҳаё, иффат, раҳм, саховат, покизагӣ) ва бад (разолат, мутакаббирӣ, худписандӣ, мумсикӣ, майпарастӣ, дуруғгӯӣ) – и одамиро ҷолибона ва возеҳона мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин асарҳо дар таълиму тарбияи аҳлоқии одамон, бахусус насли наврас ва ҷавон беҳтарин роҳнамо маҳсуб мешавад.

Таҳқиқгарони эҷоди ӯ пешниҳод менамоянд, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи осори гаронбаҳои Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ саҳм ва нақши ӯро на танҳо дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон, балки дар таърихи тамаддуни башарӣ бештар маълум месозад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 14, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд
Густариши ҳамкории илмию таҳқиқотии Тоҷикистон ва Фландрия баррасӣ гардид
Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид