Дар Тоҷикистон 500 маркази инкишофи кӯдак бунёд ва таъмир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бунёду таъмири 500 маркази инкишофи кӯдак бо маблағи 125 миллион доллар ва таъмири 34 муассисаи томактабӣ ба маблағи 840 ҳазор доллари ИМА идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, соли 2024 теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 744 адад расида, дар онҳо 113 ҳазору 970 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки нисбат ба соли 2023 37 муассиса ва 9049 нафар кӯдак зиёд мебошад.
Бояд иброз намуд, ки барои дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2 884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 131 ҳазору 317 кӯдак таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 503 марказ ва 34 ҳазору 771 кӯдак зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 245 ҳазору 287 нафар ё 23,2 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади танзими фаъолияти муассисаҳои томактабӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ таҳким бахшида, якчанд санад таҳия шуд.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» илова ворид шуда, мақоми ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак муқаррар гардид. Ин барои то соли 2025 ба 30 фоиз ва то соли 2030 ба 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат менамояд.
Инчунин Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Бояд иброз намуд, ки марказҳои инкишофи кӯдак бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаю маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд.
Тавре равоншиносон иброз медоранд, масъулияти тарбияи дурусти фарзандон, албатта, бар дӯши падару модар аст. Аммо, дер ё зуд лаҳзае фаро мерасад, ки кӯдак бояд мустақилона ба мактаб ё дигар муассисаҳо равад. Маркази инкишофи кӯдак метавонад кӯдакро ба таҳсил бе волидон омода созад.
Тавре директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Назрихуҷа Саидалиев иттилоъ дод, дар чунин муассисаҳо омӯзгорони касбӣ кор мекунанд, ки онҳо метавонанд раванди таълимро барои ҳар кӯдак шавқовар ва ҷолиб гардонанд. Илова бар ин, омӯзгорон пайваста самтҳо ва барномаҳои нави рушди кӯдаконро назорат менамоянд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки танҳо маслиҳатҳои амалӣ ва муассирро истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» амалӣ мешавад, ки яке аз бандҳои он ташкил ва таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бисёрсолаи равоншиносӣ исбот сохтааст, ки кӯдакони дар боғча ва маркази инкишофи кӯдак тарбияёфта аз кӯдакони дар хона тарбиягирифта ба куллӣ фарқ менамоянд. Дар онҳо маҳорату малакаи суханронӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, фаъолияти хоси фикрӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастӣ баръало эҳсос мегардад. Ин ҳама меҳнати омӯзгорони зинаи аввали таълимро осон ва сифати таълиму тарбияро баланд мебардорад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид






