Дар Тоҷикистон барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ беш аз 19 миллион сомонӣ ҷудо гардид

Февраль 8, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гузаронидани корҳои пешгирикунӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таъмини соҳилмустаҳкамкунӣ соли 2024 аз ҳисоби фонди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираҳои моддии давлатӣ 19 миллиону 434 ҳазору 558 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин хусус 5 феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Раиси кумита Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфт, ки бо ин маблағ масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишвории дизелӣ харида шуда, ба ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида техникаю механизмҳо давра ба давра дастрас гардиданд.

Дар мавзеъҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва минтақаҳое, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулода мавҷуд аст, ситодҳои доимӣ ва дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби кормандони ташкилоту корхона ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст, иброз гардид дар нишасти ин кумита.

Офатҳои табиӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо одамон ва иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд меоранд, ки хавфи онҳоро тавассути тадбирҳои фаъол ва банақшагирӣ коҳиш додан мумкин аст.

Гуфта шуд, ки воҳидҳои сохтории вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии кумита вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби қувваю воситаҳои Низоми ягонаи давлатӣ дар мавзеъҳои хавфноки аҳолинишин машқҳои ғайринақшавӣ гузаронанд. Ҳамчунин корҳои тоза кардани каналҳо, селроҳаҳо, сойҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва соҳилмустаҳкамкунӣ ташкил намоянд.

Инчунин барои таъмини саривақтии ҳифзи зироати кишоварзии хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз бориши жола аз ҷониби Хадамоти зиддижолаи кумита корҳои мавсимӣ моҳи апрели соли 2024 доир шуданд. Бо истифода аз 891 мушак 229 минтақаи хавфноки жолаовар, 618 ҳазор гектар замини кишоварзии хоҷагиҳои водии Ҳисор ва вилояти Хатлон аз офати табиӣ (бориши жола) ҳифз карда шуд.

Дар ин замина барои гузаронидани корҳои мавсимӣ дар соли 2025 964 мушак захира карда шудааст.

Зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 дар ҷумҳурӣ 639 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ сабт шудааст.

Маблағи умумии зарари муайяншудаи он 161 миллиону 50 ҳазору 100 сомониро ташкил намуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба омодагии сохторҳои дахлдор ба мудофиаи давлат доир гардид
Дар Бадахшон оид ба истифодаи интернет ҳамоиш доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуд
Иди касбии мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид
14 март — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура. Прокуратура яке аз сохторҳои калидии низоми давлатдорӣ аст
СААД баимзорасии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро истиқбол менамояд
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мулоқот намуд
«БЕҲТАРИН РАСМИ МОДАР ВА ДУХТАР БО ЛИБОСИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон озмун баргузор мегардад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст»