ФАРҲАНГ- САРМОЯИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Лабчанг сози мусиқие аст, ки навои дилнишини миллӣ дорад
ДУШАНБЕ, 16.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Лабчанг сози мусиқие аст, ки онро бештар занон менавозанд. Ин созро баъзан «чанги занона» низ мегӯянд.
Ба таъкиди фолклоршиносон ва мардумшиносони тоҷик, лабчанг бо номҳои чангқовуз ва чангқавуз низ маълум аст. Он сози мусиқии камоншакли забончадоре аст, ки аз қадимулайём бо номҳои гуногун дар байни бисёр халқҳои ҷаҳон машҳур аст.
Дарозии лабчанг тахминан 8-12 сантиметр мешавад. Он аз якчанд шаклу намуд иборат буда, аз оҳан, биринҷӣ, мис ва нуқра сохта мешавад. Инчунин оҳанги он аз рӯйи сохташ фарқ мекунад.
Мусиқишиносон таъкид мекунанд, ки тарзи навохтани лабчанг фарқ намекунад. Ҳангоми навохтан онро байни лабон гузошта, бо дандонҳо озодона медоранд ва забонро аз паси он каме қафотар нигоҳ медоранд. Лабчангро аз думчааш медоранд ва бо ангушти дасти рост забончаи ба мисли неши каждум каҷашро мувофиқи зарбу усули ин ё он нағмае ба ларзиш меоранд. Барои ба вуҷуд овардани нағма ҷараёни нафасро бо ҳаракати забон тағйир медиҳанд.
Дар Тоҷикистон мардум лабчангро аз қадим менавохтанд ва дар хонаҳояшон ҳифз мекарданд. Фалаксарои тоҷик Гулчеҳра Содиқова пеш аз оғози сурудхонӣ лабчанг менавозад. Ҳоло лабчанг дар барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби мусиқичиён навохта мешавад.
Лабчанг дар байни халқҳои Сибир, Шарқи дур, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Аврупо, Африқо ва дигар давлатҳо низ маъмул аст.
Лабчанг дар асри XIX дар якчанд мамлакати Аврупо ҳамчун сози мусиқии консертӣ истифода мешуд. Он ҳамчун сози якканавозӣ ва ансамблӣ маъмул аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






