Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар ноҳияи Мастчоҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 629,1 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 271,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 120 фоизро ташкил медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ медиҳад, дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода иттилоъ дод.
Дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар 26 ҳазору 993 гектар кишти зироати кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба соли 2023 496 гектар зиёд мебошад.
Дар 12 084 ҳазор гектар чигит кишт шуда, иҷрои дурнамо 97,1 фоиз таъмин гардид. Истеҳсоли он соли 2024 ба 16 290 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 5032 тонна кам мебошад.
Аз кишти анҷомдода ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 2812 гектар, зироати техникӣ 13 881,3 гектар, аз он пахта 12 084 гектар, картошка 65,3 гектар, сабзавот 204,3 гектар, полезӣ 2389,7 гектар ва зироати хӯроки чорво 4074,9 гектарро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






