НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба беш аз 11 ҳазор шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод гардид

Февраль 13, 2025 16:19

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ба 11 841 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуд. Аз ин шумора 4250 нафар мард ва 7591 нафар зан буда, аз шумораи умумӣ 359 нафар шахсони маъюб мебошанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 59 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият намуда, ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд. Соли 2024 ёрдамчиёни ҷамъиятии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4658 шаҳрванд иттилои ҳуқуқӣ расониданд.

Ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса (колл-сентр) 349 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок дар парвандаҳои ҷиноятӣ расидааст, ки аз ин шумора 330 нафарро мард, 19 нафарро зан ва аз шумораи умумӣ 81 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Иброз гардид, ки соли 2024 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 968 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки ба ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавоби дахлдор дода шуд.

«Вазорати адлия барои мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 5 лоиҳаи қонун, 2 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 13 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд»,- иброз намуд Музаффар Ашуриён.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2025 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад