НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Восеъ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расонида шуд
ВОСЕЪ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 2 миллиарду 123 миллиону 808,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 194 миллиону 638,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 110,1 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар ин давра аз тарафи кишоварзони ноҳия ба хориҷи мамлакат 2680 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки иҷрои нақшаи солонаро 100% таъмин намуд.
Соли 2024 саршумори чорвои шохдори калон, моли майда, паранда, асп ва дигар ҳайвонҳои хонагӣ афзоиш ёфт, ки дар натиҷа бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ таъмин шуданд.
Соли 2024 дар ноҳияи Восеъ 8618 тонна гӯшт, 52 802 тонна шир, 7 миллиону 528,7 ҳазор дона тухм, 351 тонна пашм, 4,2 тонна пилла, 54 тонна асал ва 121 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд.
Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар рушди он саҳми назаррас гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд






