НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Давраи бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ кай оғоз мешавад?

Февраль 4, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 04.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) аз 1 март оғоз гардида, то 30 апрел идома меёбад. Дар ин хусус директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода иброз дошт, ки тибқи тартиби наве, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст, имсол якчанд даври бақайдгирии довталабон гузаронида мешавад. Баъд аз бақайдгирии довталабон дар даври асосӣ даврҳои иловагии он моҳи июн, моҳи сентябр ва аз 29 октябр то 7 декабр гузаронида мешаванд.

Барои даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон бобати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соли 2024 дар 59 шаҳру ноҳияи мамлакат нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ва сайёри бақайдгирӣ ташкил шуданд. Инчунин арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2024 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти марҳилаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардид.

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки соли 2024 теъдоди умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбие, ки дар ҳама даврҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ номнавис шудаанд, 89 ҳазору 124 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 8904 нафар, яъне 11,1 фоиз нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2023 зиёд мебошад. Инчунин теъдоди умумии довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, яъне дар заминаи синфи 9, ки дар чор даври бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2024 номнавис шудаанд, 21 ҳазору 944 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 5 385 нафар 32,5 фоиз зиёд аст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд