НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои намоён гардиданд

Февраль 8, 2025 11:15

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 23 нафар донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» иштирок намуда, дар даври ҷамъбастии он  14 нафар ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. 1 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 3 нафар ҷои якум, 6 нафар ҷои дуюм ва 4 нафар ҷои сеюмро  сазовор гаштанд. Дар ин хусус имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерватория миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода иттилоъ дод.

«Дар консерватория баргузории консертҳои синфӣ яке аз самти асосии раванди таълим ба ҳисоб рафта, дар арафаи ҷашни 33-солгии  Истиқлоли давлатӣ беш аз 35 нафар  омӯзгорон консертҳои синфии худро бо иштироки васеи тамошобинон баргузор намуданд»,-гуфт ректори консерватория.

Иброз гардид, ки соли 2024 омӯзгорону донишҷӯёни консерватория ба хориҷи ҷумҳурӣ 12 сафари ҳунариву эҷодӣ намуданд. Аз ҷумла,  онҳо дар Озмуни байналмилалии арғунуннавозон ба номи А. Ф. Гедике дар  шаҳри Москваи Федератсияи Русия,  дар 14-умин онлайн-озмуни байналмилалии мусиқии «CA Grazioso», ки дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд.

Ҳамчунин дар соли 2024  профессорону омӯзгорони консерватория дар конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мусиқии анъанавӣ ва таҳсилоти этникӣ-бадеӣ иштирок намуда, санъати мусиқии  тоҷикро дар Ҷумҳурии Озорбойҷон ва Узбекистон муарррифӣ карданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2025 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад