«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд

Февраль 1, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 01.02.2025  /АМИТ «Ховар»/.  Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ  ва ташаббусу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷумҳуриамон суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд. Таҷлили баъзеа аз онҳо  манъ гардида,   қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихию фарҳангии халқамон боқӣ монда буданд. Имрӯз мо, тоҷикон миллати хушбахту сарбаландем, ки  имкони дубора эҳё кардани ҷашнҳои бостониамонро пайдо кардем  ва барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо талош дорем. Имрӯз мо ҷашни Садаро, ки  дар қатори дигар ҷашнҳои ниёгонамон, ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамеша инъикоскунандаи анъанаҳои  ориёитаборон буда, дар онҳо расму оини  қадимаи гузаштагонамон баён гардидааст ва  барои нигоҳ доштани хотираи таърихию дигар анъанаҳои суннатии мо дар ҳаёт нақши босазо доранд, ҷашн мегирем.   Ин матлабро   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода имрӯз зимни ифтитоҳи ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён намуд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Дар замони гузашта ин ҷашн дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешуд, ки аз якдилию муттаҳидии аҷдодони мо дарак медиҳад.

Фазои боғ идона буда, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин асбоби корӣ,  тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди сокинон гардониданд.

Тавассути хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, сайёҳони хориҷӣ, роҳбарону кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ба  ин ҷашнгоҳ ташриф оварданд.

Дар доираи хатсайрҳо роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас доданд.

Иштирокчиён, меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар базмгоҳи ҷашни Сада намоиши навъҳои тухмии зироати кишоварзӣ ва техникаҳои соҳавӣ, гулу буттаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, анвои меваҳои хушк, шириниҳо ва дигар маҳсулоти ифодагари ҷашни Садаро тамошо намуданд. Онҳо бо тарзи тайёр намудани таомҳои миллӣ, шириниҳои аз меваҳои гуногун омодашуда ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик аз наздик шинос шуда, бо шавқ онҳоро акс гирифта,  наворбардорӣ менамуданд. Онҳо гирди гулхани афрӯхта рақсида, шодмонӣ мекарданд ва ба расму оинҳои тоҷикӣ баҳои баланд медоданд.

Бояд ёдовар  шуд, ки  анъанаи ҷашни Сада- ин афрӯхтани оташ аст. Тавре Президенти Тоҷикистон иброз намудаанд, «одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодию хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд». Таърихи пайдоиши оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Подшоҳ Ҳушанг нисбат дода мешавад.

Ин анъана то имрӯз аз ҷониби мардум ҳифз ва амалӣ мешавад. Дар ин рӯз низ дар даромадгоҳи боғ рамзи оташ гузошта шуда буд. Инчунин аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳо гулхан ороста, сокинон дар гириди он шодмонӣ мекарданд. Тавре шоир фармудааст:

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андар ин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ

Дар ҳар гӯшаи боғ аз ҷониби боғпарварони мамлакат навъҳои гуногуни ниҳолҳои ороишӣ, мевадиҳанда, ҳамешасабз ва гулу буттаҳо пешниҳод гардиданд. Сокинон аз ин ҷашнгоҳ бо нархҳои дастрас ниҳолҳо хариданд. Инчунин олимони соҳаи боғпарварӣ тарзи шинонидан, парвариш ва дигар корҳои агротехникии онро ба сокинон мефаҳмониданд.  Гуфта шуд, ки анъанаи ниҳолшинонӣ аз гузаштагон ба мо мерос монда, яке аз анъанаҳои ҷашни Сада дониста мешавад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар 694 гектар боғу токзор бунёд шуд. Аз ҷумла 682 гектари он боғ мебошад, ки 21 гектараш боғи интенсивӣ ва 11 гектар токзори нав аст. Дар 287 гектар боғу токзори кӯҳнаро барқарор намуданд, ки 33 гектарро токзор ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар мамлакат шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад.

Намоиши зироати кишоварзӣ

Дар ин рӯз кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тухмии зироати киштшавандаро, ки хоси ҳар минтақа мебошанд, пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои тухмии ихтироънамудаи олимони мамлакат ба маъраз гузошта шуд. Дар баробари пешниҳоди навъҳои тухмӣ дастури кишт ва парвариши он низ пешниҳод гардид. Ин тадбир барои ҳамкорӣ ва равнақ додани соҳаи тухмипарварӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби олимони академия соли 2024  5 навъи зироати кишоварзӣ офарида шуд, аз ҷумла 2 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи пешпазу миёнапази намуди «Конибодом-2020», «30-солагии Истиқлолият», 2 намуди гандуми сахтдонаи навъи «Сайёд-2», «Истиқлолият-30» ва 1 ҷави навъи «Ҳисор-20», ки бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақабоб гардида, пахтаи миёнанахи гурӯҳи пешпази навъи «Тоҷикистон-34», ноки навъҳои «Акобирӣ» ва «Зимистона» барои омӯзиш ба комиссия пешниҳод шудаанд.

Аз хушмева то таомҳои миллӣ

Дар ҷашнгоҳи Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда буд. Дар дастурхони ҷашнӣ тибқи оини аҷдодӣ  бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.

Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, ширрӯған, умоч, далда ва кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарм мебошанд. Ҳамзамон хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо- себ, тарбузу ангур оро доданд.

Намоиши техникаи кишоварзӣ

Ба тавсияи олимони соҳа, кишту кори зироати кишоварзӣ аз омодагии техника вобастагӣ дорад. Имрӯз дар ин ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни техникаи кишоварзӣ пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки сол то сол Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани кори кишоварзон навъҳои беҳтарини техникаро харидорӣ ва дастраси марди деҳқон менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 27 526  трактор, аз он 1438 трактори шудгоркунанда, 11149 испори тракторӣ, 8488  ядаки тракторӣ, 2309 тухмипошак, аз он 1902 тухмипошаки пахта, 3522 култиватор, 1664 доси тракторӣ, 944 тойбанду тагрезчин, 18 комбайни хӯроки чорвоғундор, 232 картошкашинонак, 501 картошкаканак ва дигар техникаи кишоварзӣ мавҷуд мебошад. Онҳо зимни ҷамъоварӣ ва кишти тирамоҳию барвақтии зироати кишоварзӣ васеъ истифода мегарданд.

Имсол низ дар ҷашни Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гӯшаи имконияти сайёҳии мамлакат пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Дар ҷашнгоҳ дар гӯшаи сайёҳии мамлакат намоиши маҳорати ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ,  малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон, намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имконияти сайёҳии кӯҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуда, маводи иттилоотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим гардид.

Дар фарҷом барои иштирок дар ҷашни Сада кишоварзони фаъол бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

 

Февраль 1, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»