РӮЗИ МОДАР. Дар Душанбе бахшида ба он намоиш-фурӯши китоб доир мешавад

Февраль 27, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 27.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиш-фурӯши китоб баргузор менамояд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоиш-фурӯши китоб 4 март, соати 10:00 дар назди вазорат доир мешавад.

Дӯстдорони китобҳои илмию бадеӣ ва таърихию соҳавӣ метавонанд аз ин намоиш китобҳои тозанашрро харидорӣ намоянд.

Ҳамчунин аз намоиш-фурӯши китоб маҷмуаи дастҷамъонаи шоирони тоҷик таҳти унвони «Авсофи модар», китоби «Дасти дуои модар»-и Лоиқ Шералӣ (чопи нав), «Чароғи дуо»-и Камол Насрулло ва маҷмуаи шеърҳои Давлат Сафар «Қанде, ки аз остини модар хӯрдам»-ро метавон дастрас намуд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Февраль 27, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд