«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 феврал бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ба таври ройгон ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин хатсайрҳои сайёҳӣ дар доираи таҷлили ҷашни Сада, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат баргузор гардиданд.
Ба хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, сайёҳони хориҷӣ, роҳбарону кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷалб гардиданд.
Дар доираи хатсайрҳо роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас доданд.
Хатсайри сайёҳӣ аз назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, то Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ – макони таҷлили ҷашни Сада идома ёфт.
Иштирокчиён, меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар базмгоҳи ҷашни Сада намоиши навъҳои тухмии зироати кишоварзӣ ва техникаҳои соҳавӣ, гулу буттаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, анвои меваҳои хушк, шириниҳо ва дигар маҳсулоти ифодагари ҷашни Садаро тамошо намуданд.Онҳо бо тарзи тайёр намудани таомҳои миллӣ, шириниҳои аз меваҳои гуногун омодашуда ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик аз наздик шинос шуда, бо шавқ онҳоро аксбардорӣ мекарданд.
Бояд гуфт, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ маҳз дар ҳамин гуна ҷашнҳои миллӣ, бахусус ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо урфу одат, расму оин, ҳунарҳои қадимии дастӣ ва таомҳои миллии мо, тоҷикон аз наздик шинос мешаванд. Ин ҷашнҳо дар муаррифии таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик, тарғиби имконияти сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахти он ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ нақши арзанда мегузоранд.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе


















Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






