Ширкати «Carpi» дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон иштирок менамояд

Февраль 21, 2025 10:28

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати фаронсавии «Carpi» барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетикаи Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Душанбе зимни мулоқоти роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои энергетикии мамлакат бо намояндагони ширкати «Carpi»-и Фаронса тавсеаи ҳамкорӣ бо ин ширкати фаронсавӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ширкати «Carpi» рӯнамои фаъолияти ширкатро пешниҳод намуда, доир ба иқтидор, таҷрибаи байналмилалӣ ва лоиҳаҳои амалинамудаи он, бахусус дар самти бунёди сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон маълумот доданд.

Дар ҷараёни муколамаи ҷонибҳо намояндагони ширкати «Carpi» барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад