Соли 2024 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон 67 ҷинояти муташаккил ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 90 нафар барои содир намудани 67 ҷиноят ошкор гардид. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, террористию экстремистӣ, гардиши маводи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва таъмини тартибот яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор мераванд»,-иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Аз ин рӯ дар давраи ҳисоботӣ 343 силоҳи оташфишон мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2023 27 адад зиёд аст.
«Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот дар ҷумҳурӣ 2 тоннаю 780 килограмму 422 грамм мавод, аз ҷумла 45 грамм кокаин, 344 грамм героин, 87 килограмму 194 грамм афюн, 2 тоннаю 583 килограмму 168 грамм ҳашиш ва 39 килограмму 901 грамм бангдона мусодира гардид»,-иттилоъ дода шуд дар нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар маҷмуъ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 11 ҳазору 59 ҷиноят сабт шуда, ошкоршавии ин ҷиноятҳо 84,7 фоизро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ 1751 ҷинояти дорои хусусияти террористию экстремистӣ сабт шуда, бо роҳҳои амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 365 аъзою тарафдорони ин ҳаракату равияҳо дастгир гардиданд.
«Яке аз сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ- ин дур кардани наврасону ҷавонон аз дарсу мактаб ва дар мафкураю зеҳни онҳо ҷой кардани ақидаҳои тундрави ифротгароӣ мебошад»,-иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Соли 2024 337 муҳассил аз хориҷа баргардонида шуда, то имрӯз 1139 нафари дигар боқӣ мондааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон






