Соли 2024 дар вилояти Суғд 166 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуд

Февраль 7, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2024 дар вилояти Суғд 166 корхонаю коргоҳи нав бо 2060 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд ба намояндагони Воситаҳои ахбори омма хабар  дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 12 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ карда мешаванд.

«Соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3903 иншоот ва аз оғози маъракаи омодагӣ ба ин ҷашн 8755 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва мавриди таҷдиду тармим қарор гирифтаанд. Дар вилоят иҷрои нақшаи умумӣ 73 фоиз ва нақшаи соли 2024 ба андозаи 162,8 фоиз таъмин гардид»,- иброз гардид дар нишасти матбуотӣ.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки таъмиру тармими 2077 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ ба нақша гирифта шуда буд.

Дар маҷмуъ, 2628,3 км роҳ таъмир шуд, ки аз он 639,4 км таъмири асосӣ, 1098,4 км таъмири ҷорӣ ва 890,5 км шағалпӯш гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 7, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад