Тоҷикистон аввалин гузоришро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаӣ барои солҳои 1990-2022 ба Конвенсияи қолабии СММ пешниҳод намуд

Февраль 5, 2025 13:54

ДУШАНБЕ, 05.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2024 аввалин гузоришро вобаста ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1990-2022 ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод намуд. Ин матлабро муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иброз намуд.

Ҷамила Байдуллоева гуфт, ки баҳисобгирии газҳои гулхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва рушди устувори мамлакат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати рушдёбанда, ки иқтисодиёташ асосан ба кишоварзӣ, гидроэнергетика ва саноати сабук равона гардидааст, дар партовҳои газҳои гулхонаӣ саҳми нисбатан ками ҷаҳонӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори идеяҳои ҷаҳонии обу иқлим дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ шуд. Аз ҷумла, Тоҷикистон 7 январи соли 1998 ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҳамроҳ гардида, 21 октябри соли 2008 Протоколи Киото ва 22 апрели соли 2016 Созишномаи Парижро ба тавсиб расонид.

Барӯйхатгирии газҳои гулхонаӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ бахш- «Энергетика» (CO2, CH4, N2O), «Равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот» (CO2, Гидрофтори карбонҳо, Перфтори карбонатҳо), «Кишоварзӣ» (CO2, CH4, N2O) , «Истифодаи замин, тағйир додани истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал» (CO2, N2O) ва «Партовҳо»(CO2, CH4, N2O) гузаронида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар Париж зимни суханронӣ дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим изҳор намуда буданд, ки «ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо мамлакати мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд.

Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад.

Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофӣ аст, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидаанд».

Ҷамила Байдуллоева афзуд, ки тибқи таҳлилҳои коршиносон, дар ҷаҳон зиёдшавии ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба атмосфера сабаби асосии баланд шудани ҳарорати ҳаво дар сайёра мебошад. Яъне, омили асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти инсон ва коркарди канданиҳои фоиданоки сайёраи Замин аст. Баъзе аз ин газҳо дар натиҷаи коркард ва дигар омилҳо зиёд мешаванд.

28 декабри соли 2024 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок дар назди масъулини соҳаи геологияи мамлакат мақсаду вазифаҳои нав гузошта шуд. Инчунин таъкид гардид, ки истеҳсоли энергияи «сабз» ба рушди иқтисоди «сабз» ва паст намудани партови газҳои гулхонаӣ мусоидат менамояд.

Дар назар аст, ки дар Тоҷикистон то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ ду маротиба кам карда шавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 5, 2025 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»