ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дӯст доштани атласу адрасбофӣ Машҳурахон Ориповаро дар ин касб муваффақ гардонид

Февраль 25, 2025 09:04

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат  ҷиҳати  рушди касбу ҳунарҳои суннатӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Барои эҳё ва сайқал додани  ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла барои занони атласу адрасбоф  имконоти зиёде фароҳам оварда шуд.

Машҳурахон Орипова яке аз адрасбофони хушсалиқа  мебошад, ки бо ин ҳунараш дар байни занону духтарон соҳибэҳтиром  гардидааст. Куртаҳои адраси зебо, ки маҳсули дасти ӯст,  ҳусни  бонувони тоҷикро меафзояд. Ӯ бо ин ҳунараш  Тоҷикистонро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ намудааст.

«Вақте ки маротибаи  аввал вориди утоқи кории адрасбофӣ шудам, ба ман аҷиб намуд, ки бо ин дастгоҳ чӣ гуна кор мекарда бошанд? Зеро торҳои риштаи  ин дастгоҳ  он қадар борик буданд, ки ба назар мерасид бо каме даст расонидан, мекананд. Адрасбофӣ дар назарам кори  нозуку басо мушкил намуд. Дудила шудам, худ ба худ мегуфтам «аз уҳдааш мебаромада бошам?». Аммо нақшу нигори ин матоъ чунон зебо тасвир ёфта буд, ки маро мафтуни худ кард.  Азм кардам, ки барои  ин ҳунарро ёд гирам, лозим шавад ҳама мушкилиҳои омӯзишро аз сар мегузаронам»,-иброз дошт Машҳурахон.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ӯ барои муваффақ шудан дар  омӯзиши ин ҳунар  талошҳои зиёд намудааст. Маҳз тавваҷуҳ доштан ба ин навъи ҳунармандӣ ва кӯшишҳои пайвастааш буданд, ки беш аз 10 сол боз ба ин кор машғул аст. Дар айни замон ҳамчун омӯзгори адрасбоф дар Мактаби саньати ба номи Ш. Алифови шаҳри Бӯстон ин ҳунарро ба шогирдон меомӯзонад.

«Адрас ин офаридани нақш дар рӯи матоъ аст. Адрас ба таври дастӣ ва бо роҳи қисман ранг кардани риштаҳо, ки нақши матои оянда маҳз аз онҳо вобаста аст, истеҳсол карда мешавад», — гуфт Машҳурахон ва ба мо оид ба тарзи омода шудани матои адрас маълумот дод.

«Мо барои омода кардани матои адрас аввал риштаҳоро ранг мекунем. Яъне, дар дег аз пӯсти анор, пиёз, чормағз ранг омода менамоем ва риштаҳоро дар он меҷӯшонем. Пас аз он риштаҳоро ба давра мегирем, аз давра кушода,  қадкушоя ном усулро анҷом медиҳем, ки ришта барои бофтани атласу адрас омода мешавад», — мегӯяд ҳунарманд.

Ҳамсуҳбати мо дар бораи дастгоҳи адрасбофӣ ва омода намудани матои адрасу атлас маъулумот дода,  иброз дошт, ки шояд барои аксаран ин номҳо нофаҳмо бошанд, аммо ҳунармандоне, ки ба ин кор машғул ҳастанд,  номҳои қисмҳои ин дастгоҳро медонанд.

«Барои бофтани матои адрас дастгоҳ нақши муҳим мебозад. Дастгоҳ аз ду чӯби уфуқӣ ва ғалтаки ба он пайваст иборат аст. Аз он торҳои риштаро гузаронида, аз боди даруни торҳо ду шадда гузаронида мешавад. Ба воситаи бодҳое, ки дар байни шаддаҳо вуҷуд доранд, нӯги тор аз гула ва шона гузаронида мешавад. Торҳои аз шона гузаштаро ба навард, ки борсанг онро дошта меистад, маҳкам мебандем. Гулаҳоро аз поён ба попушал ва аз боло ба шайтонакҳо овехта, сипас аз торҳо ба воситаи моку, ки дар дохили он найча бо пуд мавҷуд аст, бофтанро шуруъ менамоем. Навард нақши печонидани матои бофташударо иҷро менамояд»,-гуфт адрасбоф.

Ин ҳунарманд мегӯяд, ки онҳо дар як рӯз 8 метр матои адрас мебофанд ва як метри онро ба маблағи 12-13 сомонӣ мефурӯшанд. Нархи матоъҳо ва риштаҳои истеҳсолнамудаи онҳо нисбат ба нархи бозор арзон аст. Гули анор, пахта беқасаб, тӯморча, алоча ва бахмал аз навъҳое мебошанд, ки дар матоъҳои адрас гулпартоӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги матоъҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адраси ватанӣ ва муайян намудани истеъдодҳои нав байни тарроҳони ҷавон ва чирадастони моҳир Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он  доир мегардад.

Машҳурахон Орипова низ  дар фестивалу озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва чандин маротиба берун аз мамлакат иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Мақсад аз баргузории ин фестивалу озмунҳо арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифи фарҳанги миллӣ аст, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, инчунин тарғиби санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм ифода ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ҳанӯз дар ҳамон давра матоъҳои гуногунро гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуд ва он дар байни дигар мардумон маъруфу машҳур буд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2025 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависон баргузор мегардад
Шоми мусиқии Болливуд дар Театри давлатии академии опера ва балети Душанбе танинандоз мегардад
Дар Тоҷикистон намоиши ҷашнии мусаввараҳо оид ба таъриху фарҳанги Арабистони Саудӣ ифтитоҳ ёфт
Академик Фарҳод Раҳимӣ: ««Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ шоҳасари ҳамаи давру замонҳо аст»
Дар Кӯшониён даври ноҳиявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид
ҲУНАРМАНД ҲЕҶ ГОҲ ХОР НАМЕГАРДАД. Устои карнайсоз аз Истаравшан бо ин ҳунараш соҳибэҳтиром гардидааст
ПАЙРОҲАИ ЭҶОД. Намоиши инфиродии рассоми Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Оид ба робитаи илм бо истеҳсолот ва технологияҳои коркардшуда машварати илмӣ баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар татбиқи қатъномаи СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
Шоири ғазалсарои тоҷик Ҳофизи Шерозӣ дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми шоиста дорад
Азнавбақайдгирӣ ва феҳристнигории ёдгориҳои шаҳри Душанбе ба анҷом расид
Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд шуд