«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда дошта, бо меҳнати содиқона дар пешрафти соҳаи кишоварзии мамлакат саҳм мегузоранд. Ин матлаб 4 феврал зимни ҳамоиши ҷумҳуриявии «Занон — дар меҳвари Паём», ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд, иброз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар мавриди ба таҳсил фаро гирифтани духтарон аз нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро тибқи квотаи президентӣ хатм карданд. Инчунин беш аз 35 ҳазор занону духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шуданд. Ҳоло аз 214 ҳазор донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 90 ҳазори онро духтарон ташкил медиҳанд, ки боиси ифтихор аст.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати занон, ҷалби бештари онҳо ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин мусоидат ба рушди соҳибкории занон аз роҳҳои муҳими саҳмгузории онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Иброз гардид, ки давоми се даҳсолаи Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои занони мамлакат, бахусус занони вилояти Хатлон назаррас мебошад. Иштироки онҳо дар ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, хусусан дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.
Баргузории чунин ҳамоишҳо нишони он аст, ки занон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа буда, бо истифода аз имконоти фароҳамовардаи давлат метавонанд дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат саҳми муассир гузоранд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






