164 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд

Март 28, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 28.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли равон 164 муассисаи таълимии ҳудуди пойтахт дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд. Дар онҳо сатҳи дониши 21 ҳазору 123 хонанда мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Бо мақсади  омодасозии хонандагон ба таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025 дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барномаи байналмилалии арзёбии сатҳу сифати дониши хонандагон бо назардошти имконияти мавҷудаи заминаи моддӣ — техникӣ танҳо бо намояндагии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт барои таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) 2025 интихоб гардида, муаррифи сатҳу сифати таҳсил ва дараҷаи азхудкунии хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мегарданд.

Вобаста ба ин таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимие, ки барои иштирок дар озмоиш интихоб гаштаанд, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин маъракаи дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо истифода аз рӯзҳои таътил бо хонандагони синни 15-16-сола, ки иштирокчии барнома арзёбӣ мегарданд, корҳои фаҳмондадиҳию маълумотдиҳиро зиёдтар намуда, фаъолият дар самт тақвият бахшида шавад.


Таҳқиқоти асосии PISA бо иштироки хонандагони синни 15-16-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор гашта, иштирокчӣ, яъне хонанда ба тариқи худкор (автоматӣ) тавассути технологияи иттилоотӣ интихоб карда мешавад. Яъне хонанда ба тариқи автоматӣ тавассути барномаи махсус интихоб карда мешавад. Натиҷаи фаъолият ва донишандӯзии хонандагон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, сатҳу сифати донишу малака ва дараҷаи азхудкунии онҳо бо назардошти махсусияти миллӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҳамчунин ба тариқи худкор (автоматӣ) арзёбӣ ё натиҷагирӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади маълумот додан дар бораи Озмоиши воситаи арзёбии PISA ва тарзи баргузории он шуруъ аз моҳи майи соли 2024 то моҳи феврали соли 2025 барои директорон ва омӯзгорони фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои иттилоърасонӣ, омӯзишӣ ва омодагӣ аз ҷониби сарпарастони Барномаи байналмилалии арёбии хонандагон (PISA) 2025 ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуданд.

Мавриди таъкид аст, ки ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ намунаи саволномаҳои PISA ва диск, ки он саводи хонанда, математика, химия, физика ва биологияро дар бар мегирад, дастрас карда шудааст.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Март 28, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд