Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки беш аз 100 донишҷӯ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни баргузории озмун ба иштирокчиён аҳаммияти китобхонӣ ва нақши ин озмун дар ташаккули маърифати ҷавонон таъкид карда шуд.
Иброз гардид, ки тавассути чунин озмунҳо сатҳи маърифати донишҷӯён боло рафта, муҳаббати онҳо нисбат ба китобу сухани бадеӣ бештар мегардад.
Дар озмун донишҷӯён дар се номинатсия — адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон маҳорат санҷиданд. Аз байни беш аз 100 иштирокчӣ 35 нафар ба даври донишгоҳӣ ва 23 нафари беҳтарин барои идомаи сабқат ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.
Ҳамаи иштирокчиён бо низомномаи нави озмун шинос шуда, таҳти роҳнамоии омӯзгорон барои озмун омодагии ҷиддӣ мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онро таҳлил ва баррасӣ карда, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварӣ меомӯзанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид






