Дар Душанбе дар мавзуи «Чакан-мероси беназири тоҷикон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Чакан-мероси беназири тоҷикон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар ҳамоиш намунаи офаридаҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти тарроҳии муосири чакан ва атласу адрас, кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони равобити фарҳангиро фарох намуда, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Дар ин замина рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти муҳим дорад.
«Ҳар гуле, ки дар чакан бо сӯзан меофаранд, гӯё дунёест, ки асрҳо бегазанд дар шуури мо нақш бастааст ва он нишони ривоҷи ҷаҳони маънавӣ, ҳадафҳои инсонгароӣ ва миллӣ мебошад. Инчунин он аз фарҳанги ғании халқи тоҷик дарак дода, таҷассуми шукуфоии дунёи бепоён ва ояндаи инсоният аст»,-иброз шуд дар ҳамоиш.
Чакан ҳамчун либоси миллии тоҷикон таърихи хеле қадимӣ дошта, ҳар рамзи он роҳи тайкардаи миллат дар шебу фарози таърихро ифода менамояд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки яке аз қадимтарин матое, ки дар он нақшҳои чакан таҷассум ёфтааст, ҳангоми корҳои бостоншиносӣ аз ҳудуди ноҳияи Фархор ёфт гардид. Ҳоло он дар Осорхонаи мардумшиносии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифз ва муаррифӣ карда мешавад. Ҳар нақши ин бозёфт далели он аст, ки халқи тоҷик аз қадим зебоипарасту фарҳангсолор будааст.
Дар ҳамоиш занону духтарон даъват шуданд, ки либосии миллии тоҷикиро бештар таблиғ намуда, дар ҳифз ва нигаҳдошти он саҳм гузоранд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






