Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони вазорату идораҳо, меҳмонону блогерони хориҷӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллии халқи тоҷик шинос шуданд. Ин фестивал соли ҳафтум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат, барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 2000 нафар меҳмонон даъват гардидаанд, ки дар доираи ҳамоишҳои наврӯзӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд.
Инчунин аз давлатҳои Нидерланд, Швейтсария, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Покистон ва Кувайт дар фестивали имрӯза иштирок карда, имконоти сайёҳии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.
Ҷашни Наврӯз бо хусусияти беназираш яке аз намунаҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик мебошад.
Дар доираи фестивал барои болидахотирии меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мамлакат пешниҳод гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






