Дар ноҳияи Дарвоз ҳашарҳои экологӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвияти корҳои созандагию ободонӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҳашарҳои экологии «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд, ки дар натиҷа қад-қади соҳили дарёи Панҷ ва дарёчаҳои Девдара, Ҷорф ва Тоғмай аз партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ тоза карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳашарҳои экологии «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» сокинони деҳаҳои Кеврон, Ҷорф, Вишхарв, Тоғайма ва Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз фаъолона иштирок намуданд.
Зимни ҳашарҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» 1 метри мураббаъ партовҳо дар масофаи 2,5 километр ҷамъоварӣ гардида, ба ҷойи муайян интиқол дода шуд.
Ҳамзамон шафати роҳи байналмилалии Қалъаихум-Хоруғ ва маҳаллаҳои аҳолинишин ба масофаи 4,5 км аз алафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 2,5 метри мураббаъ партов ҷамъоварӣ гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






