Дар Саридораи геология ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо риояи расму оинҳои миллӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин саридора хабар доданд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиату таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо ҷашни одӣ, балки маросими пур аз маъно ва рамзҳо мебошад.
Иброз шуд, ки таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар саросари мамлакат намунаи баланди ахлоқӣ, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстиро нишон медиҳад. Аз ин рӯ дар замони ҷаҳонишавӣ насли наврас ва ҷавонро зарур аст, ки барои эҳё ва ҳифзи ин ҷашни ниёгонамон саъю талош намояд.
«Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз дар байни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса пайдо кард. Наврӯз хусусияти деринаашро бо пазироии руҳияи замони нав созгор намуд ва имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми тоҷик бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд»,-иброз гардид дар ҳамоиши наврӯзӣ дар Саридораи геология.



Таъкид гардид, ки як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои варзишии суннатӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гуногун, аз ҷумла гӯштингирӣ, бандкашӣ, аспдавонӣ ва ғайра баргузор мегарданд.
Дар ин замина аз рӯи намудҳои шоҳмот, шашка ва бандкашӣ байни корхонаҳои зерсохтори Саридора мусобиқа доир карда шуд.
Дар ин мусобиқаҳо ҷавонон-иштирокдорон маҳорати баланд нишон дода, бори дигар исбот намуданд, ки Наврӯз ҷашни ваҳдату ягонагӣ аст.
Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






