ДАРАХТ БИНШОН! Дар Истаравшан беш аз 18 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд

Март 26, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар хиёбонҳои шаҳр беш аз 18 ҳазор бех ниҳолони мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,   корҳои ободонӣ ва  ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар шаҳр идома дорад. Ин даъфа ҳашари ниҳолшинонӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд доир гардид. Дар канори шоҳроҳи мазкур  асосан дарахтони ҳамешасабз, ки ба шароити ин мавзеъ мутобиқ мебошад, шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки: «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд».

Дар ин замина бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Тибқи Барномаи мазкур  дар марҳилаи якум- солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.

Амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххаси ин Барнома ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди мамлакат, шинонидан ва парвариши дарахту буттаҳо дар ҳудуди ҳар маҳаллаю ҷамоат, идораҳои маъмурӣ, новобаста аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, заминҳои фонди давлатии ҷангал, шафати шоҳроҳҳо, роҳҳо, соҳили дарёҳо ва қад-қади ҷӯйборҳо равона гардидааст.

Қабули «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» яке аз иқдоми муҳимми мамлакати мо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд