ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ванҷ мавсими ниҳолшинонӣ оғоз ёфт

Март 28, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ дар 1 гектар боғи нав бунёд гардид. Дар боғи нав зиёда аз 500 бех дарахт  шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ иттилоъ доданд.

Сардори Раёсати кишоварзии вилоят  Раҷаббек Раҷаббекзода иброз намуд, ки дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, ки иқлимашон нисбатан гармтар аст, мавсими ниҳолшинонӣ аз аввали моҳи март оғоз меёбад. Ҳамасола дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят дар бештар аз як гектар боғ бунёд мешавад. Имсол низ ин анъана аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.

То имрӯз дар деҳоти Ванҷи Боло зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Ба ноҳияи Ванҷ аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 95 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ дастрас гардид.

Шинондани дарахт кори мушкил нест, аммо парвариш ва нигоҳубини он аз боғбон заҳмати шабонарӯзӣ талаб менамояд. Аз ҳама муҳим он аст, ки  дарахтонро сари вақт об дода, аз ҳайвонот ҳифз намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд