Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон байни 422 муассисаи таҳсилоти олии ҷаҳон ҷойи 8-умро сазовор гардид
ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо гирифтани зиёда аз ҳашт ҳазор хол дар “Раддабандии муассисаҳои олии таълимӣ” -и ҷаҳон дар соли 2025 байни 422 муассисаи таҳсилоти олӣ ҷойи 8-умро сазовор гардида, дар раддабандӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи аввалро соҳиб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.
Раддабандиро Муассисаи “Раддабандии муассисаҳои таҳсилоти олӣ” (HE Higher Education Ranking)-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ “HEQAC”, ки қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Туркия мебошад, пас аз санҷишу таҳлилҳои самтҳои гуногуни фаъолияти 422 муассисаи олии таълимии 55 давлати ҷаҳон тартиб додааст.
Бояд гуфт, ки дар таърихи соҳибистиқлолӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст яке аз донишгоҳҳои мамлакат соҳиби холи баланд дар ин раддабандӣ гардида, ба даҳгонаи беҳтаринҳои муассисаҳои олии таълимии ҷаҳон ворид шуд.
Баҳодиҳии раддабандӣ аз рӯи 25 самти фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла сифати таълим, ҳамкории байналмилалӣ, иқтидори илмӣ, идоракунӣ, устуворӣ, масъулияти иҷтимоӣ, навоварӣ, аккредитатсияи байналмилалӣ, табодули академии донишҷӯёну устодон, иҷрои нақшаи қабули довталабон, фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фазои мусоид барои анҷоми корҳои илмӣ, омӯзишу таълими забонҳои хориҷӣ, дастрасӣ ба таҳсили ройгон: квотаи президентӣ, маъюбон ва духтарон санҷида шуда, ҳар як меъёр бо холҳои муайян баҳо дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ин раддабандӣ муассисаҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир, Италия, Швейтсария, Австрия, Венгрия, Чехия, Олмон, Сербия, Туркия, Канада, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Покистон, Бразилия, Миср, Баҳрайн, Африқои Ҷанубӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ворид шудаанд.









Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад






