Гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад

Март 13, 2025 08:47

ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Панҷшанбеи дуюми моҳи март Рӯзи ҷаҳонии гурда (World Kidney Day) мебошад. Имсол ин сана ба 13 март рост меояд. Гурда яке аз муҳимтарин узвҳои бадани одам ба шумор меравад. Он дар танзими мувозинати обу электролитҳо, кислотаю ишқорҳо ва фишори осмосӣ, ҳамчунин аз организм хориҷ намудани маҳсули мубодилаи нитроген нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ гурда нигаҳбони ҳаёти мо аст.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи уроголияи Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ»-и шаҳри Душанбе, табиби дараҷаи олӣ Зайналобиддин Темуров иброз намуд, гурда яке аз муҳимтарин узви бадани инсон ба шумор меравад. Вазифаи асоситарини он бартараф намудани пасмондаҳо тавассути пешоб мебошад. Инсон дар ҳаёти худ ба бемориҳои гуногуни гурда гирифтор мешавад. Яке аз он санги гурда мебошад, ки инсон ба он тавассути ду омил:  берунӣ ва дохилӣ гирифтор мешавад.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки омили берунӣ — обу ҳаво ва таркиби оби нӯшокӣ мебошад. Ҳамчунин метавон, ки ба ин гурӯҳ тарзи нодурусти истеъмоли ғизо, яъне аз меъёр зиёд истемол шудани сафедаҳоро дохил намуд. Омилҳои дохилӣ- ин фаъолияти ҷисмонӣ ё камҳаракатии бардавом ба иллати беморӣ ё осебзадагӣ ва уфунатҳои пешоб низ мебошанд.

Зайналобиддин Темуров иброз намуд, ки пайдошавии санг дар гурда ирсӣ буда низ метавонад. Инчунин сабаби асосӣ- вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организми инсон, хусусан мубодилаи обу намак ва таркиби химиявии хун маҳсуб мешавад. Ҳамчунин пайдоиши санг дар узвҳои пешоббарор метавонад аз чунин омилҳо вобаста бошад, яъне бемориҳои бардавоми узвҳои ҳозима-(гастрит) ва захми меъда, вайроншавии кори ғадудҳои эндокринӣ, бемориҳои гуногуни гурда ва дигар узвҳои пешоббарор — пиелонефрит, простатит, систит, нефроптоз, муддатҳои зиёд камоб мондани бадани инсон, осеббардорӣ ва дигар бемориҳои устухон — остеомиелит, остеопороз ва ғайра. Норасоии бардавоми витаминҳои D ва UV, истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти афзояндаи кислотаи пешоб ва истифодаи зиёди моеъи намакдор инсонро ба бемории санги гурда мубдало менамоянд.

Тавре мутахассисон иброз медоранд, санги гурда- уролит (аз уро-пешоб, лито-санг)- ин бемории полиэтиологӣ (бисёрсабаб) буда, дар ҳама синну сол вомехӯрад, вале беморон бештар дар синни фаъоли ҳаётӣ, яъне аз 20 то 50-солагӣ аз он ранҷ мекашанд. Сангҳои бузург ё шохадори гурда одатан нишонаҳои хос надоранд, чунки ин гуна сангҳо ноҷунбон ё беҳаракат мебошанд. Сангҳое, ки хурд ҳастанд, инҳо сангҳои ҷунбон ва ҳаракаткунанда буда, ҳангоми ҳаракат аз як ҷо ба ҷои дигар дард пайдо мекунанд.

Гуфта шуд, ки сангҳои калон аз гурда танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта мешаванд. Дар замони муосир ва бо имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат тарзи табобати ин беморӣ ба куллӣ осон ва камхарҷ гардидааст. Бо ворид намудани таҷҳизоти муосир дар Тоҷикистон табобати беморӣ хеле осон гардидааст. Яъне, дар айни замон навъи санг, ҳаҷм, ҷойгиршавии онро мушахас намуда, сипас тавассути дастгоҳ онро аз бадани инсон берун менамоянд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон гузаронида мешавад.  Қаблан беморон ба тариқи кушода ҷарроҳӣ мешуданд, ки ин дар баробари осеби бештар расонидан ба ҷисми бемор инчунин давомнокии табобати онҳоро низ дароз менамуд. Усули нави ҷарроҳии лапораскопӣ ба чунин беморон имконият медиҳад, ки ҳарчи зудтар шифо ёфта, пас аз 2-3 рӯзи ҷарроҳӣ ба хона рухсат дода шаванд.

Тадбири беҳтарини нигоҳ доштани саломатии гурдаҳо- ин интихоб намудани тарзи ҳаёти солим мебошад. Ҳамчунин  оби ҷӯшонида бинӯшед, ғизои солим бихӯред, яъне меваю сабзавот истеъмол кунед ва аз хӯрокҳои равғанҳои серравған, ба монанди панир ва хӯрокҳои бирён худдорӣ намоед. Фишори хуни худро назорат кунед, тамокукаширо тарк намоед, аз иловаҳои сафедаи баланд худдорӣ кунед ва фаъолияти ҷисмониро як қисми реҷаи ҳаррӯзаи худ гардонед.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 13, 2025 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад