Иди Наврӯзро дар дараи Яғноб чӣ гуна ҷашн мегиранд?

Март 22, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 22.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи оламафрӯзро дар ҳар минтақаи Тоҷикистон аз насл ба насл бо тарзу услуби хос таҷлил менамоянд. Ин навбат мехоҳем дар бораи вижагиҳои хоси Наврӯз дар дараи Яғноб, ки байни силсилакӯҳҳои Зарафшон ва силсилакӯҳҳои Ҳисор қарор дорад, маълумот диҳем. Дар робита ба ин бо номзади илми филология Сайфиддин Мирзоев суҳбат намудем.

Идибарон (idiyi varak)

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, даҳ-понздаҳ рӯз пеш аз Наврӯз сокинони дараи Яғноб хонаву ҳавлии худро тоза намуда, деворҳои дохили хонаро бо хоки махсус сафед менамоянд, чунки дар Яғноб гаҷ мавҷуд нест. Пас аз он хешону пайвандони худро (духтар, хоҳар, хола, амма…) ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Ҳудуди се рӯз пеш аз Наврӯз аз хонаи падар ба хонаи духтар ё хоҳар, хулоса соири хешовандони наздик кулчаҳои наврӯзиро, ки аз қаймоқу шир, маскаю орд омода шудаанд, ба унвони ҳадяи наврӯзӣ мебаранд. Ин маросими idiyi varak «идӣ бурдан» ном дорад.

«Шахсе, ки идӣ мебарад, аз тарафи хешони худ ба унвони меҳмони олиқадр пазируфта мешавад ва ба ин муносибат барои мардуми деҳа зиёфат ороста, қисме аз он кулчаҳои идонаро рӯйи дастархон мениҳанд. Субҳи рӯзи дигар меҳмон ба хонаи худ бармегардад. Инчунин идӣ бурдан маънои даъват карданро дорад. Ҳадаф аз ин маросим ин аст, ки бо ҳам дар гирди як дастархон Наврӯзро истиқбол гиранд»,-мегӯяд ӯ.

Оташдони наврӯзӣ

Тавре Сайфиддин Мирзоев иброз медорад, дар остонаи ҷашни Наврӯз дар ҳар хонавода як оташдони наврӯзӣ барои омода намудани ғизоҳои наврӯзӣ, аз қабили кочӣ, суманак, кашк, далда ва ғайраҳо мемонанд.

Байни мардуми Яғноб бештар кашк маъмул аст, ки онро занҳо мепазанд ва таҳияи он чунин аст: аввал дар зарфе, ки «карсон» ном дорад, гандум рехта, онро бо оби гарм тар мекунанд. Сипас гандуми таркардашударо дар ҳован мекӯбанд. Пас аз он, ки пӯсти гандум ҷудо шуд, онро дар табақе рехта, бод медиханд, то пӯстҳои ҷудошуда дур шаванд. Дубора гандумро ба ҳован андохта, мекӯбанд, то мисли биринҷ сафед шавад, пасон ба дег андохта, бо обу гӯшт як ду соат меҷӯшонанд, то нимпухта шавад. Баъди нимпухта шудан онро аз дег гирифта, ба кӯза мерезанд. Маъмулан занон дар ду кӯза кашк мепазанд: дар яке кашкро бо обу гӯшт ва дар дигаре бо ширу гӯшт.

«Кӯзаҳоро дар қӯри оташ «чалма» мегузоранд ва то субҳ кашк оҳиста-оҳиста ҷӯшида, мепазад. Занон то субҳ бо чӯби махсусе, ки «тирак» ном дорад, даруни кӯзаҳоро мекобанд, то ки таги кӯзаҳо насӯзад. Субҳи барвақт, ки кашк омода шуд, кадбонуҳо интизори омадан ва табрикоти наврӯзии бачаҳо мешаванд, то онҳо аз ин ғизо бичашанд»,-шарҳ дод Сайфиддин Мирзоев.

Табрикоти бачаҳо

Дар Яғноб субҳи барвақт писарон ва духтарон сару либосҳои нав ё тоза ба бар карда, барои табрики хонаводаҳо ҷое ҷамъ мешаванд. Онҳо якеро аз байни худ сардор ва роҳбалад интихоб карда, чӯберо, ки дар нӯгаш сабзаи навруста дорад, ба дасти ӯ медиҳанд. Роҳбалад чӯбро ба даст гирифта, боло мебардорад. Писарону духтарон дар гирди ӯ саф мекашанд ва байти зайлро хонда, ба роҳ медароянд:

Имрӯз рӯзи ид аст, бачаҳо шод шаванд!
Яктоӣ равғанӣ кулчашон диҳанд, озод шаванд!

Ба андешаи Сайфиддин Мирзоев, дар болои боми хонаҳои Яғноб равзанаи махсусе бо баландии 70-90 сантиметр мавҷуд аст, ки кадбонуҳо субҳ надамида, пеш аз омадани бачаҳо, аз ғизои наврӯзии худ як коса кашкро гирифта, ба болои бом мебароянд ва дар се тарафи равзана як миқдор кашк мерезанд, ки дар ин маврид яғнобиҳо мегӯянд: Ин барои аккаҳо аст.

Вақте бачаҳо ба табрикот меоянд, ба болои бом мебароянду назди равзан рафта, атрофи онро аз назар мегузаронанд. Агар атрофи равзан кашк гузошта шуда бошад, бачаҳо мефаҳманд, ки ғизои наврӯзӣ омода аст. Пас аз он яке аз бачаҳо сари худро дохили равзан намуда, ҳамроҳ бо бачаҳои дигар мегӯянд:

Омадани Соли нав муборак бошад!
Кулчаи равғанию далдаи багӯштам мебояд!

Пас аз шунидани ин суханҳо кадбону аз даруни хона мегӯяд: -«нек бошад!».

Пасон кадбону ба ҳар кадоми онҳо як коса кашки бо гӯшт ё бо шир ва як кулча, ки дар рӯи он маска гузошта шудааст, медиҳад. Зимни бозгашти бачаҳо ба хона ҳар калонсоле, ки дар масири роҳ бо онҳо вомехӯрад, аз онҳо тақозо менамояд, ки барояшон шеъри наврӯзӣ бихонанд. Ҳар бачае шеъри наврӯзӣ мехонад.

Таҷлили Наврӯз дар идгоҳ

Мардони деҳ дар макони баргузории ҷашн, ки «идгоҳ» ном дорад, дар вақти муайян ҷамъ мешаванд. Ҳар касе бо худ як табақ, як кӯмочи гарми нав аз танӯр гирифта шуда, ки вазнаш ҳудудан 10-12 кило аст (албатта, ин ба ҳунари кадбону вобастагӣ дорад), ҳамчунин як миқдор равғани зард ё маска меоварад. Пас аз ин ки ҳамаи аҳли деҳ гирд омаданд, яке аз пирони рӯзгордидаро садри ҷашн интихоб менамоянд. Сипас чанд нафар ба омода кардани ғизои наврӯзӣ, ки бо номи «чанголӣ» ёд мешавад, оғоз менамоянд.

Аввал кӯмочҳои гармро ба табақҳо реза намуда, болои он ширу равған мерезанд ва бо чангол ё чумчаи чӯбӣ омехта мекунанд. Пас аз омода шудани чанголӣ як нафар ғизои табақҳоро ба зарфи калон рехта, бо қошуқи калони чӯбӣ, ки «кафлес» ном дорад, омехта менамояд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ин амал маънии рамзӣ дорад, яъне ҳадаф аз бо ҳам омехта кардани чанголии табақҳо, ки ҳар яке аз хонаводае мебошад, ин аст, ки нону намаки тамоми хонаводаҳо бо ҳам бишавад, то мардум аз он чашида, тамоми сол бо ҳам дӯсту бародар бошанд. Дӯстию рафоқати аҳли деҳ бо чашидани нону намаки ҳамдигар боз ҳам мустаҳкамтар ва қавитар гардад. Бесабаб нест, ки дар уруфият гӯянд: «Вақте нону намаки касеро хӯрдед, бояд онро то чил сол пос доред».

То омода гаштани ғизои наврӯзӣ хурду бузург ба идгоҳ ҳозир мешаванд ва садри ҷашн ҳозиронро ба гирди хони наврӯзӣ даъват менамояд. Садри ҷашн чанголиро ба табақҳою лаълиҳо мекашад ва мизбонон зарфҳои чанголиро ба пеши меҳмонон мегузоранд. Қисме аз он ғизо ба сурати лӯндашуда ба бачаҳо дода мешавад ва боқӣ ба хонаводаи касоне фиристода мешавад, ки бо сабаби беморӣ ё мусофират дар ҷашн ҳузур надошта бошанд. Аз ин ғизо набояд касе аз аҳли деҳ бенасиб бимонад.

Дар поёни ин маросим барои кишоварзон кишту кори бобарор ва соли пурҳосил орзу менамоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Таҷлили Иди Наврӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст…». Наврӯз дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукуҳу таҷаллии тоза пайдо намуд
Дар вилояти Хатлон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид
Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҷлил гардид
Идомаи воридшавии барқияҳои табрикии наврӯзӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷашни Наврӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо намоиши дастовардҳои истеҳсолӣ, ихтироот ва инноватсия таҷлил шуд
ТОҶИКИСТОН — ЗОДГОҲИ НАВРӮЗИ ҶОВИДОНӢ. Ин ҷашн рӯзи сулҳу оштӣ, дӯстию бародарӣ ва баробарӣ аст
Таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзо маҳфили идона доир шуд
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон боз 697 нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ озод карда шуданд