ИМА Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик намуд

Март 14, 2025 20:35

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар мавриди имзои санади таърихӣ – Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ оид ба муайян ва аломатгузории тамоми хати марзии ду кишвар табрик мекунад. Дар ин хусус 14 март сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Тэмми Брюс изҳор намуд.

«Ин дастовард нишондиҳандаи тааҳҳуди ду давлат барои дипломатия ва суботи минтақавӣ мебошад», — тазаккур дод сухангӯи Департаменти давлатӣ.

Тэмми Брюс илова намуд, ки ҳаллу фасли баҳсҳои марзӣ яке аз душвортарин вазифаҳои дипломатӣ аст, ки як ҳукумат метавонад анҷом диҳад.

«Мо аз дидгоҳ ва иродаи роҳбарони ҳар ду давлат барои паси сар кардани ин монеаҳо ситоиш мекунем. Иёлоти Муттаҳида умедвор аст, ки ин тавофуқи муҳими таърихӣ, дарвозаеро ба сӯи рушди равобити тиҷоратӣ ва иртибототи сокинони назди марзӣ боз намуда, ба афзоиши рифоҳ ва сулҳ барои ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа мусоидат мекунад», — иброз намуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

Март 14, 2025 20:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири варзиши Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XVI байналмилалии иқтисодӣ дар Қазон иштирок дорад
Сафири Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус мулоқот намуд
Дар Абузабӣ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Озарбойҷон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок менамояд
Дар Вена ҳамкории парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Австрия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия эътимоднома супорид
Дар Душанбе омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ИДМ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-и Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуданд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии Арабистони Саудӣ «SPA» баррасӣ шуд