Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 39 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад

Март 23, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар 39 582 гектар картошка кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои беҳсозии сифат ва серҳосилии картошка он бояд аз бехмеваи ҳосилшуда шинонида шавад. Тухмиҳое, ки кошта мешаванд, пеш аз кишт дар ҷойҳои махсус  нигоҳ дошта мешаванд.

Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (соли 2010), дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хӯроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок шуда, алафҳои бегона хеле кам мегарданд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров тавсия медиҳад, ки кишти баҳории картошка дар водиҳо аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад.

Ба андешаи олим, дар кишти баҳорӣ картошкаи тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд. Бо ин мақсад лӯндаҳои тухми картошкаро аз ҷои салқин ба ҷои то 12-15 дараҷа гарму равшан, вале нури Офтоб намерасидагӣ (намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад), бароварда, 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин давом барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 см ва дар чуқурии 8-10 см бояд кишт кард. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тухмиҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медорад.

Мутахассисони соҳи картошкапарварӣ иброз медоранд, ки муддати кишти баҳории картошка дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста ба вазъи ҳаво шинонида мешавад. Тухмиҳо то пурра неш задан бо назардошти обу ҳаво ва шароити замин 1-2 маротиба обёрӣ мешаванд. Баъди 4-6 рӯзи обмонӣ бояд коркарди байни қаторҳо гузаронида шавад. Инчунин баъди аз алафҳои бегона тоза кардан растаниҳо бояд бори аввал бо пору ва бори дигар бо минералҳо таъмин карда шаванд. Агар картошка дар баҳор кишт карда шавад, даври нашъунамои он ба ҳавои салқин, намнокии хок ва давраи ҳосилҷамъкуниаш ба тобистони гарм рост меояд.

Дар Тоҷикистон картошка асосан дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш карда мешавад. Навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза менамояд. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуданд, ба нест кардани радикалҳои озод мусоидат менамоянд, он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир мерасонад ва пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар

Март 23, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд