Муҳиба Маҳмадҷонова: «Наврӯз бо рамз ва хусусияти худ муттаҳидгари ҷомеа ва тамаддунҳо аст»
ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи давру замон дар қатори дигар рӯйдодҳои фараҳбахши зиндагии мардум аз ҳама муҳим фарорасии баҳор мебошад. Мардуми тоҷик идҳои баҳориро бо тарзҳои гуногун ҷашн мегирифт, вале ҳамагон онро ҳамчун иди эҳёи табиату тантанаи зиндагӣ ва умед ба соли пурфайзу пурсамар таҷлил менамоянд. Наврӯз низ аз ҷумлаи идҳои баҳорӣ буда, фалсафаи он пайванди инсонро бо табиат ва ҳодисаҳои табиӣ мустаҳкам намуда, роҳи ҳаёти нек ва таъмини ояндаи умедбахшро ифода менамояд.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳиба Маҳмадҷонова вобаста ба фалсафаи Наврӯз ва рамзи ҷовидонаи он дар фарҳанги миллати тоҷик ибрози андеша намуд, ки онро пешниҳоди хонандагони АМИТ «Ховар» менамоем.
— Рамзи Наврӯз ба замоне мансуб аст, ки ҳанӯз хат вуҷуд надошт ва асотири марбут ба он дар шакли шифоҳӣ ва нақшу нигор, мусиқиву рақс ифода мегардид. Дар онҳо он мазмуну донишҳо, маълумоте, ки вобаста ба ҳастии моддию маънавии мардум ба даст омада буданд, таҷассум ёфта, аз насл ба насл интиқол меёфтанд. Бинобар ин ҷашну маросими Наврӯз муҳимтарин воситаи интиқоли донишу таҷрибаи қадимтарини мардум доир ба ҳаводиси табиат ва сарчашмаи ҳастӣ аз давраи бостонӣ то имрӯз мебошад.
Рамзҳои Наврӯз хеле гуногунранг буда, фалсафаи он ҳифзу нигаҳдории маъною муҳтавои амиқи миллӣ давоми қарнҳо, меросбарии арзишҳо ва аз даст надодани онҳоро ифода менамояд. Дар рамзҳои Наврӯз раванди муҳими ташаккули тафаккури фалсафии миллӣ, яъне аз асотир ва тасаввуроти моддӣ-воқеӣ ба абстраксияву тасаввурӣ ва фалсафӣ мубаддал гардидани он ифода ёфтаанд.
Яке аз фалсафаи Наврӯз оташ афрӯхтан аст, ки он аз ҷараёнҳои ҳаётии танро на танҳо бо хӯрокҳои табиӣ парвариш намудан, балки аз нури холис ва оташи беғаш борвар сохтан иборат аст. Наврӯз тараннуми покию сафо, равшанию гармӣ, фаъолнокию кор ва мазаммати касифию торикӣ, сардию зулмот, танбалию бекорӣ буда, барои вусъат додани неруи инсон дар муқовимат бо ин амалҳои номатлуб дар сароғози баҳории сол таҷлил мегардад.
Дар Наврӯз он арзишу тимсол ва амалу ҳаракатҳое арҷгузорӣ мегарданд, ки барои рушду нумӯ, сабзишу инкишоф, зебоиву хушнудӣ, сафову покӣ, равшанию гармӣ муосидату ёрмандӣ намоянд. Рамзи он муқобилгузории некӣ ба бадӣ, маърифат ва шинохти асҳоби ростини тафаккур ва андеша ба ҷаҳолату нодонӣ ва равшанӣ ба торикиро нишон медиҳад. Бинобар ин таҷлили Наврӯз – ин ҷашни аҷдодӣ анъанаҳои бостонии марбут ба даврони асотириро ҳифз намудааст. Наврӯз бо ин хусусияти худ муттаҳидгари ҷомеа ва тамаддунҳо аст, ки имрӯз бо номи «Ҳавзаи парастиши Наврӯз» маъруф гардида, бо рисолати ҷашни арҷгузорӣ ба бедоршавии табиат будани худ бо раъйи умумии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид чун ҷашни байналмилалӣ шинохта шудааст.
Дигар вижагии Наврӯз он аст, ки ба кавкабҳо ва гардиши фалак вобаста аст, ба маъное, ки сароғози сол ва баробарии шабу рӯзро дар баҳор нишон медиҳад. Ин замон аз муҳимтарин гоҳҳое ба шумор меравад, ки дар таъйину дақиқан муайян намуданаш донишмандони мунаҷҷиму ситорашиноси бостон заҳматҳо кашидаанд. Дар матнҳои паҳлавӣ, бахусус онҳое, ки тавассути Зарвониён навишта шудаанд, чун Минуи Хирад, Бундаҳишн ва Андарзномаҳо таъсири кавкабҳо бар зиндагии мардум чун шоҳиди табиӣ машҳур аст.
Аҷдодони мо замони фаро расидани баҳор – Наврӯзро на танҳо бо расидани нури Офтоб ба нишонаҳои муқарраршуда ва бедоршавии табиат, пайдо шудани аввалин гулҳои зардранг ё баҳман, балки бо аломатҳои гуногуни мардумии марбут ба парандагон ва олами ҳайвонот низ муайян менамудаанд.
Тоҷикон наздикшавии Наврӯзро, аз ҷумла аз рӯи вақти гашта омадани парандаҳо, масалан, лаклаку турнаҳо аз минтақаҳои гарм муайян мекардаанд.
Ин рамзҳои ҷашни Наврӯз, ки дар фарҳанги бостонии суғдӣ ва бохтарӣ низ вомехӯранд, хотираи ҷовидонии миллати бостонии дорои фарҳангу тамаддуни пешрафта ва боқимондаҳои тасаввурот вобаста ба ҳайвонот ва иртиботи он ҳамчун нишонаи донишмандию хирад, таҷриба ва ҳувиятро далолат менамоянд.
Ҷолиб он аст, ки тавассути тасвиру ин рамзиёт мо аз тасаввуроти бостонии миллат доир ба омодагии ҳастӣ ба ҳаёти нав, баҳор ва сарватмандӣ, бахту саодат ва шукуфоӣ дар соли нав огоҳ мешавем. Аз умеду эътимод ба оянда сабзаву шукуфоии ҳаёти минбаъдаро дармеёбем.
АКС: АМИТ «Ховар»/Dushanbe-travel








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон






