МУЖДАИ НАВРӮЗӢ. «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ барои ҳамзабонони эронӣ ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ барои ҳамзабонони эронӣ чоп шуд. Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ вобаста ба чопи асари «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ чунин изҳори назар намуд:
Устод Айнӣ донишманди камназири забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги гуфторӣ ва навиштории тоҷикон буданд. Ҳар қадар бо диққат асарҳои устодро мутолиа намоем, дар пеши назар чизҳои нодире намоён мегарданд, ки барои донистани рӯзгори мардум бисёр муҳим аст. Бавижа «Ёддоштҳо»-и устод, ки дар асоси воқеаҳо ва ҳодисаҳои дида, шунида ва мушоҳидакардаи муаллиф таълиф шуда, дар донистани фарҳанги мардуми асри 19 ва аввали асар 20 беҳамто мебошад. Ҳар лаҳзаеро, ки устод Айнӣ тасвир намудааст, дар асоси он метавон роҷеъ ба воқеаҳои гуногуни он замон ба андеша рафт.
«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ донишномае аст, ки дар он расму оин, адабиёт, таърих, саргузашти одамони гуногун, рӯзгори шахсиятҳои маъруф, муҳити адабӣ, таълим дар мадрасаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, шароити зиндагии деҳоту шаҳр, афсонагӯӣ, латифагӯӣ, оинҳо ва ҷашнҳои мардумӣ ва ғайраву ва ҳоказо хеле сода, самимӣ ва барои хонанда хотирмон тасвир шудаанд. Муҳим он аст, ки ҳамаи навиштаҳои устод дар «Ёддоштҳо» сарчашмаи воқеӣ дошта, метавон онҳоро ҳамчун санади муҳими мардумнигорӣ, фолклорӣ, ҷомеашиносӣ ва амсоли ин мавриди истифод қарор дод.
Тавре маълум аст, баробари нашри қисми якум ва дуюми «Ёддоштҳо» (1947-1948) таваҷҷуҳи хонандагон ва равшафикрони тоҷик зуд ба ин асар ҷалб гардид. Устод бо вуҷуди беморӣ қисми сеюм ва чоруми онро таълиф намуданд, ки солҳои 1950 ва 1954 ба нашр расиданд. Сипас, он аввал ба забони русӣ ва баъд ба чандин забонҳои дигари собиқ Иттиҳои Шуравӣ тарҷума шуд.
«Ёддоштҳо» асаре аст, ки пурра дар асоси воқеияти дидаҳо ва шунидаҳои устод Айнӣ навишта шудааст. Ин асар на фақат сарчашмаи муҳими фолклорӣ, этнографӣ ба шумор меравад, балки аз он метавон ҳамчун манбаи нодири забонӣ, адабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва ҳатто этнопедагогӣ, этнолигвистӣ ва этнопсихологӣ истифода намуд.
Дар асл бунёди асоси осори ҳар адиби насрнавис саргузашти худи ӯ, дар айни замон дидаҳо, шунидаҳо, хотираҳо, ёддоштҳо ва мушоҳидаҳояш аз зиндагии мардум мебошад, ки дар ин бора худи устод Айнӣ низ дар аввали «Ёддоштҳо» зери унвони «Як-ду сухан ба ҷои сарсухан» навиштааст: «Азбаски ёддоштҳоям барои бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиам ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд, мумкин аст дар инҳо ҷойҳои фоидабарӣ барои ҷавонон бисёр ёфт шаванд. Чун, ба фикри ман, ёддоштнависӣ аз роман ва ҳикоянависӣ душвортар менамуд, ман ин корро барои бисёртар таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам».
Баъдан устод чун як мардумнигори ботаҷриба ва донандаи рӯзгори мардум дар фасли «Даромади сухан» ишора бар он менамояд, ки он хоси як пажуҳандаи мардумшинос аст: «Азбаски зиндагонии кӯдакӣ ва хурдсолии ман дар саҳро, асосан дар ду деҳа гузаштааст ва ин деҳаҳо аз ҳам дур буда, аз ҷиҳати ободонӣ, маданият ва урфу одат аз ҳам фарқ доштанд, ман мехоҳам, пеш аз сар кардани ёддоштҳои худ, дар бораи ин ду деҳа як қадар маълумоти географӣ, этнографӣ ва тарҷумаиҳолӣ дода гузарам, то ки фаҳмидани ҷойи ин ёддоштҳо барои хонандагон осонтар шавад».
Ин тасвири устод Айнӣ ҳар пажуҳандаи мардумшиносро водор месозад, ки ба он чун сарчашмаи муҳими мардумнигорӣ назар намояд. Агар мо аз аввал то охири «Ёддоштҳо» бо нигоҳи мардумнигорӣ бингарем, мебинем, ки устод дар рафти баёни воқеаҳо ва ҳодисаҳо рӯзгори моддӣ ва маънавии мардумро бо ҷузъиёт ва бо равиши вежаи нависандагии худ тасвир намудааст. Ин навиштаҳо аз як ҷониб маводи мардумшиносии муҳим аст, аз ҷониби дигар тасвирҳои ба хонандаи китоб таъсирбахши худи муаллиф мебошанд. Агар ба равиши кори мардумнигорон бингарем, мебинем, ки онҳо аз байни мардум дар бораи тарзи зист, нажоди қавму қабилаҳо, маросим, расму оинҳо, ҷашнҳо, ҳунарҳои мардумӣ, адабиёти гуфторӣ ва монанди инҳо санадҳо гирд оварда, баъд онҳоро баррасӣ менамоянд. Устод Айнӣ ин гуна маводи барои таҳқиқ зарурро гоҳе нисбат ба як мадумшинос ҳам хубтар ва дақиқтар шарҳ додааст. Арзиши ин равиши кори устод имрӯз барои пажуҳиши корҳои мардумшиносӣ беназир аст. Тасвирҳои мардумнигорӣ аз аввал то охири «Ёддоштҳо» зиёданд. Онро дар ҳар нақлу ҳикояти муаллиф метавон дид. Устод дар ҳар маврид дидаҳо ва шунидаҳои худро ба қалам меорад.
Дар Эрон бори аввал «Ёддоштҳо» соли 1362 (1983) аз ҷониби Алӣ Акбар Саиди Сирҷонӣ ба нашр расида, зуд таваҷҷуҳи хонандагон ва пажуҳандагонро ҷалб намуда буд. Баъди мутолиаи он байни аҳли фарҳанг нисбат ба тасвирҳои устод Айнӣ саволҳое пайдо мешаванд, ки онҳо ба тавзеҳ ниёз доштанд, бояд касе онро ба таври муфассал, бо ҷузъёт ва шарҳи луғатҳо анҷом медод.
Ин буд, ки ҳамин ниёзҳоро ба назар гирифта, доктор Мустафо Бобохонӣ барои баргардони дубораи «Ёддоштҳо» камари ҳиммат мебандад. Ин донишманди тоҷикдӯстро аз даврони навҷавонӣ забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон ҷалб менамояд. Дар натиҷа ин шефтаи тоҷикон соли 2007 ҳамроҳи падари бузургвораш бори аввал ба шаҳри Душанбе меояду дилбохтаи гӯишҳои гуногуни тоҷикӣ ва фарҳанги суннатии он мегардад. Баъдан тасмим мегирад, ки ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шавад.
Соли 2008 дар натиҷаи пурсишҳо ба назди ин ҷониб меояд ва бо маслиҳати камина устоди роҳнамояш академик Абдуҷаббор Раҳмонзода интихоб шуда, дар мавзуи «Корбурди куҳанулга дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» рисолаи номзадии худро, ки баробари доктори фалсафаи мамлакатҳои хориҷӣ аст, соли 2011 бо муваффақият дифоъ мекунад. Инак, ӯ аз он замон то имрӯз мубаллиғи адабиёти муосири тоҷикон аст.
Муҳаббати ӯ ба ин фарҳанг буд, ки алифбои кириллии тоҷикиро дар сатҳи аъло омӯхта, ба мутолиаи осори илмӣ ва бедеии тоҷикон машғул мешавад. Ин меҳр буд, ки давоми 14 сол бо заҳмати доктор Мустафо Бобохонӣ бо тасҳеҳ, таълиқ, шарҳи луғот китобҳои зерин аз алифбои кириллии тоҷикӣ ба хатти форсӣ баргардон мешавад:
1.Айнӣ С. Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам /Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1395.
2.Шакурии Бухороӣ Муҳаммадҷон. Садриддин Айнӣ /Бо кӯшши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1395.
3.Амирзода С. Рӯдакӣ аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ /Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1396.
4.Айнӣ С. Ғуломон. Роман /Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1397.
5.Айнӣ С. Ҷаллодони Бухоро /Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1397.
6.Мунтахаби осори адабиётшиносӣ ва нақди адабии Садриддин Айнӣ / Гирдоварии пажуҳиш ва тасҳеҳ ва вироиши М.Бобохонӣ ва А.Набавӣ. Теҳрон: Орван, 1397.
7.Маликзод А. Шаҳидии Балхӣ шоири бузурги замони Сомониён /Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1398.
8.Саъдиев С.Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих /Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1398.
9.Шакурӣ М.Б. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон /Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1399.
Баъди ин корҳои шоиста Мустафо Бобохонӣ ба таври ҷиддӣ ба баргардони «Ёддоштҳо» машғул мешавад. Барои ин кор ӯ, пеш аз ҳама, тамоми нусхаҳои дар Тоҷикистон нашршудаи асарро ба даст меорад. Баъд бо машварати пажуҳандагони тоҷик ба кор шуруъ менамояд.
Инак, чи нек аст, ки дар арафаи Наврӯзи хушоин муждае расид: «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ пешкаши хонандагон ва пажуҳандагони ҳамзабонони эронии мо шуд, ки ин як навъ пайванди бештар ва хубтар барои забону адабиёту фарҳанги муштараки ин ду ҷумҳурии ҳамзабон аст. Яъне «Ёддотшҳо»-и устод Айнӣ аз ҷониби интишороти «Орван» дар чор қисм ба нашр мерасад:
1.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 1. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.
2.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 2. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.
3.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 3. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.
4.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 4. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.
Бар илова Мустафо Бобохонӣ барои дарки бештари ин асар китоби дигареро дар 285 саҳифа зери унвони «Пайвастҳои «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (Муқаддима, мақолаҳо, намояҳо) (Теҳрон: Орван, 1404) пешкаши хонандагон менамояд. Ин китоб мустақил аст, вале метавон онро ҷилди панҷум гуфт. Он на танҳо «Ёддоштҳо», балки хонандагон ва пажуҳандагони мамлакати ҳамзабонро бо таҳқиқоти муҳаққиқони тоҷик низ ошно месозад. Дар китоб баъди пешгуфтори «Чанд дастури калидӣ» мақолаҳои пажуҳандагони тоҷик Ш.Исрофилниё, Н.Зоҳидӣ, А.Раҳмонзода, Р.Раҳмонӣ, М.Имомзода, А.Маҳмадаминов ва Л.Шарифзода, М.Хоҷаева, А.Кӯчарзода ва Ш.Ҷамшед оварда шудаанд. Дар идомаи мақолаҳо «Феҳристи мисраъҳои аввал ва дуввуми байтҳо», «Феҳристи зарбулмасалу мақолҳо», «Феҳристи номи касон», «Феҳристи номи ҷойҳо», «Феҳристи китобҳо ва нашрияҳо», «Феҳристи қавмҳо, тоифаҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳо», «китобнома» низ омадааст, ки барои беҳтар омӯхтани «Ёддоштҳо» хеле муҳим аст.
Доктор Мусафо Бобохонӣ ҳамчун замимаи «Ёддоштҳо» китоби дигареро дар 473 саҳифа бо номи «Вожаномаи «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (Теҳрон: Орван, 1404) таҳия намудааст, ки онро метавон китоби шашум гуфт. Дар ин вожанома тамоми калимаҳое, ки барои хонандагони эронӣ андаке нофаҳмо ё маънои дигар доранд, шарҳ ёфта, он ҳамчун асари мустақил на фақат барои хонандагон, балки барои пажуҳандагони забоншиносон низ муҳим мебошад. Як ҷиҳати ин вожанома аз он иборат аст, ки ӯ ҳар калимаеро, ки дар «Ёддоштҳо» чанд бор омадааст, саҳифа ба саҳифа ҳамчун луғати басомад нишон дода, кори хонанда ва пажуҳандаро осон месозад.
Дар охир метавон пешниҳод намуд, ки ин кори арзишманду заҳматталаби пажуҳандаи тоҷикдӯст аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ сазовор дониста шавад.
АКС аз манбаъҳои боз