Намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 феврали соли равон ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар доираи барномаи аудити байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. Ҳадафи сафари онҳо санҷиши фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии бо таҷҳизоти радиатсионӣ ва технологияҳои ядроӣ коркунанда ва арзёбии риояи меъёрҳои амнияти радиатсионӣ дар ин муассисаҳо ба шумор мерафт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳом Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни сафар намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо фаъолияти якчанд муассисаи тиббӣ, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб шинос шуданд.
Дар ин марказҳо таҷҳизоти муосири рентгении рақамӣ ва дигар дастгоҳҳои радиатсионӣ насб шудаанд, ки бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ва ҳамоҳангии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) ба истифода дода шудаанд.
Ҳамчунин дар доираи ин сафар вохӯрӣ бо намояндагони ҳамоҳангсози миллӣ – Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин мулоқот директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода ва дигар масъулон иштирок намуда, масъалаҳои ҳамкории минбаъда, таъмини амнияти радиатсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Агентии байналмилалии неруи атомиро баррасӣ намуданд.
Намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ аз ҷараёни корҳои анҷомшуда изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар самти истифодаи бехатар ва самараноки технологияҳои радиатсионӣ пешрафтҳои назаррас дорад. Онҳо ҳамчунин омодагии худро барои идомаи дастгирии техникӣ ва омӯзиши мутахассисон баён намуданд.
Дар хотима аз ҷониби коршиносони баиналмилалӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.
Ҳамчунин иштирокдорони вохӯрӣ аҳамияти ҳамкории байналмилалиро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори итминон намуданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳбудии вазъи тандурустии мамлакат, алалхусус дар самти ташхисию табобатии бемориҳои саратоншиносӣ таъсири мусбат мерасонад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии ядроии Академияи миллии илмҳом Тоҷикистон








Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид






