Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад

Март 24, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз дар таъриху тамаддуни мардумони тоҷику форс рӯзи фараҳмандтарин, рӯзи нав, оғози соли нав ва эҳёи табиат ба ҳисоб меравад. Табиат дар ин рӯз аз нав эҳё гардида, ҳаёти нав оғоз мешавад.  

Сабаби чунин пойдор мондани ин ҷашни оламшумули мардуми ориёӣ–Наврӯзи оламафрӯз он мебошад, ки тамоми ҷузъҳои зебои ҳаёт, хотироти наку ва қаҳрамонҳои асотирии ин мардумон маҳз ба ҳамин рӯз рост меояд, аз ҷумла тавлиди шоҳ Каюмарс, Ҳушанг-шоҳи аввали Пешдодиён ва ғайра. Шоҳ Фариддун дар ин рӯз давлати худро ба 3 фарзандаш бахшид: ба Салм Рум, ба Тур Турон ва ба Эраҷ Эронро дод. Сом аз авлоди Наримон дар ин рӯз муқовимати худро ба муқобили ифротиён оғоз бахшида, бар онҳо ғалаба намуд, Зардушт дар ин рӯз ба дунё омадааст. Шоҳони Каёнӣ маҳз дар ҳамин рӯзи фирӯз ба тахт нишаста, шоҳ Гуштосп тоҷи шоҳиро бар сар ниҳод.

Абурайҳони Берунӣ- донишманд ва олими қарни даҳуми тоҷик дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём низ ба ҳамин нигориши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусияти ойинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

Аммо сабаби чунин ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад- яке он ки ҳар сесаду шаступанҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чу ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Масалан, дар гузоштани «ҳафтшини ниёгони мо чунин тасвир намудаанд:

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон,
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду шойеъ андар хон.

Умуман ин ҷашн ба ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти миллии мардуми ориёӣ алоқаи бениҳоят зич дорад. Тибқи ривоятҳои асотирӣ, мардумони ориёӣ таҷлили Наврӯзро дар давраи ҳукмронии шоҳ Ҷамшед оғоз намуда, ҳамаи накӯкориҳои онро мардумон бо «рӯзи нав» -Наврӯз қабул намуданд ва он дар тамоми қаламрави империяҳои бузурги Ҳахоманишӣ, Сосонӣ ва Сомониён амалӣ гардида буд ва то ба имрӯз ба мо омада расидааст.

Фирдавсии бузург бахшида ба оғози Наврӯзи оламафрӯз чунин овардааст:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари Соли нав ҳурмузи фарвардин,
Баросуд аз ранҷ тан, дил аз кин
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Эҳёи Наврӯз ҷузъи қадимии тамадун ва фарҳанги мардуми ориётабор буда, ҳиссаи босазоест дар тамаддун ва фарҳанги умумибашар ва дар ин рӯз тамоми мардумонро барои ҳаёти накӯ, дӯстӣ ва накӯкорӣ даъват менамояд. Зебоӣ ва сеҳру бақои Наврӯз, пеш аз ҳама, ба офарандагони ин ҷашни бошукуҳ, яъне мардумони ориёӣ тааллуқ дошта, боиси сарбаландии ин мардумон мебошад, ки тавонистанд чунин ҷашни оламшумулро тавассути таъриху фарҳанг ва суннатҳои миллии хеш ба ҷомеаи умумибашарӣ тақдим намоянд.

Дар байни тамоми ҷашну маросиме, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар дунё таҷлил мешаванд, Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва қадимтарин ба ҳисоб меравад. Мардум ҷашни Наврӯзро  бо тайёрии бесаброна интизорӣ менамоянд. Онҳо сарулибоси хеш ва ҷиҳозҳои хонадонашонро озода гардонида, манзилу макони хешро оро медиҳанд ва дастархони наврӯзии хешро бо маводи «ҳафтсин»- себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак ва «ҳафтшин»- шаҳду ширу шаробу шаккари ноб, шамъу шамшоду шойеъ густурда, омадани Наврӯзро интизорӣ мекашанд.

Комрон САФОЛЗОДА,
муовини якуми Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии
назди Ҳ
укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих 

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 24, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо