Соли 2025 Маркази миллии тестӣ дар 60 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил менамояд
ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шаффофу дастрас баргузор намудани бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2025 дар 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои марказ, имсол давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки дар 43-тои онҳо 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои довталабон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шуда, фаъолият менамоянд, бо нишонии нуқтаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
Барои ташкили фаъолияти нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ дар ҷумҳурӣ Марказ дар асоси озмун 245 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб намудааст, ки ҳамаи онҳо аз омӯзиши махсус гузаштаанд.
Онҳое, ки хоҳиши иштирок дар ИМД 2025 доранд, тибқи тартиби муқарраргардида бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро номнавис намоянд. Бақайдгирии довталабон бо ҳузури ҳатмии онҳо доир шуда, шахси дигар ба ҷойи касе ба қайд гирифта намешавад. Марказ ҳамчунин барои осон намудани бақайдгирии довталабон ва сарфаи вақти онҳою кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонааш хизматрасонии «Пешномнависӣ» ташкил намудааст. Довталабон тавассути он метавонанд худро пешакӣ номнавис карда, баъдан барои расмӣ намудани он дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон то 30 апрели соли равон идома меёбад. Тибқи нақшаи марказ, имсол давари якум (асосӣ)-и ИМД дар марказҳои имтиҳонии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Хоруғ) баргузор карда мешавад. Довталаб новобаста аз ҷойи истиқомат ва макони бақайдгириаш метавонад яке аз шаҳру ноҳияро барои имтиҳонсупорӣ интихоб намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад






