ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд»

Март 23, 2025 07:30

ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 897 нафар, аз ҷумла занону ноболиғон озод карда шуданд.

Дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардид, ки онро пешкаш менамоем.

Ташаббусҳои инсондӯстӣ дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат

Дар меҳвари давлатдорию давлатсозии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандаву инсонмеҳваронаи худ дили ҳазорон сокинони сайёраро тасхир намуда, ҳамчун роҳбари мардумӣ, раиятпарвар ва шахсияти инсондӯст шинохта мешавад.

Таҷрибаи давлатдории Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз солҳои аввали ба сари қудрат омаданашон тамоми ташаббусҳои созандаву инсонпарваронаи ӯро собит месозанд. Аз ҷумла, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, баргардонидани муҳоҷирон ба Ватан, барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ, авф ва бахшиши шахсони ҷиноятсодиркарда далели гуфтаҳои болост. Ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистони азиз ҳам, ки бо тай намудани душвориҳои зиёд ва ба харҷ додани талошҳои бешумор ба даст омадаанд, ба корномаи шахсияти намоёни сиёсати ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки зимни суханрониҳои худ Пешвои миллат пайваста ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, муқовимат ба коррупсия, қочоқи маводи мухаддир, гардиши ғайриқонунии силоҳ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба мероси фарҳангии миллию байналмилалӣ, аз ҷумла, шахсиятҳои зовияи илму адаб таъкид менамоянд, ки дар пасманзари ин таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳо маҳз тинати инсондӯстии ӯ нуҳуфтааст.

Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои шоиста ва созандаи худ дар соҳаи обу иқлим маҳбубияти хосса пайдо намудаанд. Боиси тазаккур аст, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин ташаббусҳои Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба эълон намудани соли 2003 — Соли байналмилалии оби тоза; оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт»; оид ба эълон намудани соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об; эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал таҳти унвони «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ва оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Дар баробари таваҷҷуҳи вижа ба масоили обу иқлим ва дар ин самт пешниҳод намудани як қатор таклифҳои созандаву саривақтӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти таъмини сулҳу амният дар ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва кишварҳои ҷаҳонро барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ ба иқдомҳои созандаву муҳим даъват менамоянд.

Дар пайванд ба масъалаҳои болозикр 23 сентябри соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Иқдоми мазкур бори дигар аз сулҳофару ваҳдатпарвар будани миллати тоҷик гувоҳӣ дода, беҳтарин муждае барои тамоми башарият хоҳад буд. Зеро сулҳу субот ва оромишу осоиштагӣ асоси пешрафт, зиндагии арзанда, рушди босуботи ҷомеа ва волотарин арзишҳои инсоният маҳсуб мегарданд.

Бо назардошти талошҳои пайвастаи сатҳи миллӣ ва байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навбатии инсондӯстонаи ӯро дар сатҳи миллӣ бо қабул намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд» аз 20 марти соли 2025, №1009, ки мутобиқи он 897 нафар аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод гардиданд ва ҷинояти содирнамудаи онҳо бахшида шуд, метавон сиёсати адолатпарварона ва инсонмеҳварона арзёбӣ намуд.

Заминаҳои ҳуқуқии бахшиши ҷазо

Бахшиши ҷазо яке аз падидаҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати роҳандозии принсипи инсондӯстӣ дар меҳвари сиёсати давлат ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Пеш аз ҳама асосҳои ҳуқуқии бахшиши ҷазо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Мутобиқи банди 26 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал менамояд.

Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бахшиши ҷазо ҳанӯз аз соли 1998 бо қабул гардидани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 13 (Авф. Бахшиши ҷазо. Доғи судӣ. Сафедкунӣ) дар моддаи 83 бахшиши ҷазо муқаррар гардидааст. Мутобиқи моддаи мазкур бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси муайян татбиқ мегардад. Бо санади бахшиши ҷазо шахси барои ҷиноят маҳкумшуда метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.

Бо мақсади татбиқи меъёрҳои Конститутсия ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 июни соли 2017, №889 қабул гардидааст. Ҳамзамон, дар замимаи фармони мазкур Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Қаблан вобаста ба масъалаи бахшиши ҷазо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 1997, №721 «Дар бораи Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазо ва шаҳрвандӣ» ва аз 26 майи соли 1997, №729 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби бахшиши ҷазои ашхоси аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда» қабул гардида буданд, ки то санаи 7 июни соли 2017 мавриди амал қарор доштанд.

Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки амалӣ гардонидани салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазоро таъмин менамояд.

Дар заминаи санадҳои болозикр якчанд маротиба бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон амалӣ карда шудааст. Аз ҷумла, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз 30 октябри соли 2020 қабул гардида, тибқи он 378 нафар маҳкумшуда бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд.

Инчунин, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд» аз 20 марти соли 2025, №1009 қабул гардида, тибқи он 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шуданд.

Таҳлилу омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бахшиши ҷазо бозгӯи он аст, ки заминаҳои ҳуқуқии падидаи бахшиши ҷазо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал буда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани он тадбирҳои муайяни ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидааст.

 Бахшиши ҷазо яке аз суннатҳои муҳим ва арзишманди Иди байналмилалии Наврӯз

Иди байналмилалии Наврӯз аз зумраи идҳои қадима ва некмеҳвари мардуми ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон маҳсуб меёбад. Аҷдодони инсондӯсту раиятпарвари мо сар карда аз нахустодам Каюмарс, Фаридуну Ҷамшед, Кайхусраву Кайковус, Курушу Дориюши Кабир, Ардашеру Исмоили Сомонӣ то ба имрӯз покию некӣ, ростию баробарию бародарӣ – яъне ғояҳои олии инсондӯстиро оини хеш қарор додаанд, ки дар шароити кунунӣ чунин арзишҳои неки инсониро фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дода истодаанд.

Ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳё, ҳамбастагӣ ва меҳру муҳаббат ба инсоният аст, имсол низ дар фазои сулҳу субот таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни бахшоиш ва дӯстист. Маҳз ин сифати ҷашни Наврӯз аст, ки дар арафаи таҷлили он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми башардӯстона нишон дода, дар асоси фармон аз 20 марти соли 2025, №1009 «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд» ҷазои 897 нафар маҳкумшударо бахшиданд. Бо анҷоми ин иқдоми наҷиб Пешвои миллат маротибаи дигар собит месозад, ки сиёсати давлатдорӣ дар Тоҷикистон бар пояи инсондӯстӣ, адолат ва ғамхорӣ бунёд ёфтааст. Ба имзо расидани фармони мазкур дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ ва фарорасии фасли гулу эҳёи табиат бори дигар намунаи барҷаста ва далели гӯёи ба принсипҳои инсондӯстӣ, олиҳимматӣ, меҳру шафқат ва  эҳсонкорӣ асос ёфтани сиёсати инсонмеҳварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.

Мутобиқи тавзеҳоти фармони мазкур, дар асоси принсипҳои башардӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд. Фармони мазкур нисбати маҳкумшудагоне татбиқ мегардад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуда, дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд.

Бахшиши маҳкумшудагон ба тақвияти давлати ҳуқуқӣ кумак мерасонад, зеро он нишон медиҳад, ки низоми адолат ва меҳвари инсондӯстӣ дар он побарҷой буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ доранд. Ин ҳамчунин боварии шаҳрвандонро ба ҳукумати кишвар ва сарвари давлат тақвият мебахшад.

Бахшиши ҷазо амалест, ки барои рушди ҷомеа таъсир расонида, ба пешравӣ ва таҳкими волоияти қонун мусоидат менамояд. Дар ин замина бахшиши ҷазо на танҳо ҳамчун воситаи адолат, балки ҳамчун василаи эҷоди ҷомеаи инсондӯстона ва башардӯстона низ пазироӣ мешавад.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ қайд намуданд, ки: «Бовар дорам Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави аҷдодӣ бо қадамҳои некаш ба хонадони мардуми бонангу номус ва фарҳангдӯсту сулҳпарвари тоҷик саломативу хушҳолӣ ва фатҳу кушоишҳои нав меоварад».

Ин аст, ки пайки накӯи қабул гардидани фармон дар бораи бахшиши ҷазои шахсони аз озодӣ маҳрумбуда вирди забонҳо гардида, ба аҳли оила ва пайвандони шахсони маҳкумбуда, инчунин, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳоливу хурсандиро ҳадя намуд. Дар паҳлуи ин бори дигар ин иқдоми нек дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки меҳвари онҳоро инсондӯстӣ, бахшоиш, дур намудани кинаву адоват аз қалбҳо, умед бахшидан ба ояндаи дурахшон ташкил медиҳад, бе шак аз шахсияти бахшанда, инсондӯст ва меҳрубону шафиқи халқ будани Пешвои маҳбуби кишвар дарак медиҳад.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 23, 2025 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 24 то 27 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои рӯда ва захми меъда истифода мебаранд
Ҷашни Наврӯз ҳикмати бузурги фалсафаи зиндагӣ ва сарнавишти мардуми тоҷик аст
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Дар вилояти Хатлон ҷашни Наврӯз бо анъанаҳои хос таҷлил мегардад
24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
Муҳиба Маҳмадҷонова: «Наврӯз бо рамз ва хусусияти худ муттаҳидгари ҷомеа ва тамаддунҳо аст»
Истеъмоли ҷаъфарӣ қанди хунро муътадил нигоҳ дошта, барои беморони тарбод ва зардпарвин фоида дорад
НАВРӮЗИ БАДАХШОН. Дар сафеднамоӣ ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода иштирок менамоянд
Наврӯзи ҷаҳонӣ – ҷашне, ки башариятро ба сулҳу ваҳдат даъват намуда, ихтилофот ва бегонагиҳои байни халқҳоро решакан месозад
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 39 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд